Тафсилоти ҳукми суд нисбат ба ду лидери Бадахшон (аудио)

Дар асоси хукми суди ноҳияи Рӯшон Хуршедшо Султоншоев 18 сол ва Шодиҷон Фармонбеков 4 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум  шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ВМКБ, 26 апрели соли 2022 қисмати ниҳоии мурофиаи судии айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, санаи таваллудаш 13.01.1984, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов 73, ки нисбаташ аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №61178 бо моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 200 қисми 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор), 111 қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд, баргузор гардид.

Мурофиа таҳти раисии судяи Суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ Баҳриддинзода Ҳ.Э. баргузор гардида, дар рафти баррасии парванда ҷиноятҳои содирнамудаи айбдоршаванда Султоншоев Хуршедшо пурра тасдиқи худро ёфтаанд. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида дар асоси Ҳукми Суд нисбати судшаванда Султоншоев Хуршедшо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 сол таъин карда шуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда санаи 04.11.2020 сол бо ҳамроҳии 3 нафар ашхоси дар ҷустуҷӯ қарордошта Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикиллобеков Сино Файзиллобекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи Тайота, аломати қайди давлатиаш 0005ВЕ07 дар ду маврид, аз ҷумла дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ва маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ нисбати кормандони милитсия, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, дашномҳои қабеҳ намуда, мавриди латукӯб қарор додаанд.

Илова бар ин, нисбати судшаванда Султоншоев Хуршедшо аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби даст доштанаш дар хариду фуруши воситаҳои нашъадор нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ аз 06.04.2020 сол бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд.

Бо назардошти далелҳои болозикргардида аз санаи 24.02.2021 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва  12 апрели соли ҷорӣ зимни амалиёти дастгиркунӣ аз дасти судшаванда Султоншоев Хуршедшо 1 адад норинҷаки РГД-5 ва як миқдор воситаи нашъадору ҳаби экстазӣ, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, дарёфту мусодира карда шуд.

Ҳамзамон, дар мурофиаи судӣ кирдорҳои ҷиноятии судшавандаи дигар Фармонбеков Шодиҷон Фахриддинович, соли таваллудаш 25.04.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи 38, ки барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 111 қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ва 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, санаи 12 апрели соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо судшуда Султоншоев Хуршедшо дастгир гардида буд, моҳиятан баррасӣ гардид. Ҳамин тариқ бо тасдиқ ёфтани кирдорҳои содиршудаи ҷиноятӣ дар асоси Ҳукми Суд нисбати судшаванда Фармонбеков Шодиҷон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 солу 6 моҳ таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *