Тафсилоти боздошти  мошини тоҷикон  бо рақамҳои дипломатӣ дар Санкт Петербург

Тавре,ки расонаҳои русӣ ва маҳаллӣ ин субҳ хабар доданд, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия “Мерседес S350 ”-и  консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  боздошт гардидааст.

Мошини дорои рақамҳои дипломатии 900D099 78 замоне боздошт шуд,ки шаби 31-уми март ронандаи он, роҳбари ҷамъияти ҷавонони донишҷӯ  Асрор Сафоев гӯё   дар кӯчаи Благодатнийи Петербург тирпарронӣ  кардааст.  ВАО-и Русия хабар медиҳад, ки  рақамҳои мазкур ба Маҳмадназар Мирзодаи 58-сола, консули фахрии Тоҷикистон дар Петербург дода шуда буданд. Вобаста ба ин хабар, Маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба tajikistantimes иттилоъ дод, ки ҳоло дар шаҳри Санкт -Петербурги Русия  Тоҷикистон кайҳо боз Консулгари  фахрӣ надорад ва дар ин шаҳр Консулгарии генералии Тоҷикистон амал мекунад, ки роҳбарии онро Давлат Назрӣ ба ӯҳда дорад. Ба гуфти онҳо, дар ин маврид ба ҷониби Русия мактуби расмӣ  фиристода шудааст. Аммо як  манбаи дигар ба мо иттилоъ дод, ки дар вақти боздошти “Мерседес”-и дипломатӣ дар сари чамбараки он Асрор Сафоеви 31 сола, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар ин шаҳр қарор доштааст.Моҷаро баъд аз ҷашнгирии Наврӯз,ки дар як тарабхонаи  ин шаҳр баргузор гардидааст ба вуқуъ пайвастааст. Расонаҳои русӣ иттилоъ медиҳанд,ки сабабгори ин моҷарои шабона як  тоҷикдухтар будааст ва ҷавонон ба хотири ин духтар байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *