Тафсилоти гуфтугӯи Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров (аудио)

Владимир Путин, Президенти Русия 18 сентябри соли 2022  бо президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров суҳбатҳои алоҳидаи телефонӣ анҷом додааст.

Мавзӯи  асосӣ дар ин суҳбатҳои телефонӣ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст. Бар асари задухӯрдҳои шадиди ахири мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додаст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни ин суҳбат “дар идомаи муколамаи мунтазами онҳо бархе масоили доғи равобити дуҷониба дар чорчӯби мушорикати стратегиро баррасӣ карданд”.

Бино ба ин манбаъ, “дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо масоили рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ дар иртибот ба вазъи пешомада дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошт”.

Хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ӯ бо Путин ҳамчунин паҳлуҳои дигари таъмини амнияти минтақа, аз ҷумла масоили Афғонистон ва ҳам ҷадвали замонӣ ва рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар миён гузоштаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон низ хабар додааст, ки 18 сентябр раҳбари ин кишвар Садир Жапаров низ бо Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ масоили марбут ба муноқишаи ахири мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки   ҳарду ҷониб ба  зарурат ва аҳамияти  ҳарчӣ зудтар ва танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кардани вазъи буҳронии байни Қирғизистону Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *