Тафсилоти худкушии Шеравган. Чаро ӯ се фарзандашро ятим монд?
Аз Шеравган се фарзанд сағир монд,
Шабона ҷасади Шеравган Хоҷақулов, корманди бехатарии Фурудгоҳи шаҳри Душанберо, ки дирӯз, 26-уми октябр худкушӣ карда буд, ба наздиконаш доданд.
Ҳамсояҳо ва ақрабояш гуфтанд, ки имрӯз, 27 октябр ҷанозаи ӯ баргузор мегардад. Тавре Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов гуфтааст ва инро дигар кормандони фурудгоҳ низ тасдиқ мекунанд, Шеравган 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва дирӯз, соати 1-и рӯз худро парронд. Ӯ қабл аз худро ба марг расонидан, ба бародараш паёмак фиристодааст, ки «омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред». Хабарнигори Pressa.tj паи дарёфти маълумоти иловагӣ хост аз масъулини фурудгоҳ дар ин бора пурсон шавад. Мутаассифона, талошҳои мо бенатиҷа монд. Аммо бародари Шерафган Умед Хоҷақулов, ба расонаҳо гуфтаст, ки ӯ аз ҳаққи истифодаи манзили иҷора 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, бародараш баъд аз хизмати ҳарбӣ дар бахши бехатарии фурудгоҳ кор мекард, вале роҳбарияти фурудгоҳ маошашро моҳҳо надодааст. Маълум шуд, ки ӯ аз ноилоҷӣ ба дили худ тир задааст.
Пас аз марг ҷасади Шерафганро аввал ба бемористони “Ёрии таъҷилӣ” ва сипас барои ташхис ба “Медгородок” бурда буданд. Ҳодисаи худкушии Хоҷақуловро Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ намуд ва аммо тавзеҳ дод, ки дар ин замина тафтишот идома дорад.
Аксарият ба чунин иқдом даст задани ин марди ҷавонро, ки аз ӯ се фарзанд сағир монд, дар ноилоҷӣ барои пайдо кардани маблағ баҳри зиндагии ҳаррӯза медонанд. Аммо ҳодисаи пул 9 моҳ маош нагирифтани Шерафган Хоҷқуловро маъмурияти Фурудгоҳ рад мекунад ва мегӯяд, ки то имрӯз маоши ӯ пурра пардохт шудааст. Хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба таҳқиқи фоҷиаи мазкур идома хоҳад дод ва мақоларо дар ин бора дар шумораи навбатии ҳафтанома ва сомона пайгирӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ