Тафсилоти куштори хоҳар аз ҷониби бародар

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 20 декабр дар шумораи навбатии барномаи телевизионии «Сипар – Ахбори ВКД” тафсилоти парвандаи пурсарусадои Орзугул Ашӯрқуловаи 17-соларо ба як шакли ваҳшиёна куштани бародари 23-солааш Толибҷонро нашр кард.

Ин хабари пурдаҳшатро нахустин шуда, сомонаи «Ахбор” нашр кард. Хулосаи хабар ин аст, ки Орзугул Ашӯрқулова, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 42-и деҳаи Ободдара (собиқ Уяс)-и ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан рӯзи 27 октябр аз хонаашон баромада, бедарак шудааст. Ӯ шоми 28 ноябр, баъди як моҳ баргашт, вале бародараш Толибҷон Ашӯрқулов, соли таваллудаш 1995 бо ин иддао, ки «ту моро дар деҳа шарманда кардӣ” хоҳараш ба даруни оғил дароварда, то мурдан буғӣ мекунад. Баъди ин ҳам Толибҷон ором нагирифта, сари хоҳари беҷонашро зери ҷодуи коҳбурӣ гузошта, аз тан ҷудо кардааст.

Сипас ӯ ҳамроҳи падараш Баҳодур Ашӯрқулов, соли таваллудаш 1968, ҷасадро ба мошин бор карда, ба берун аз деҳа мебаранд ва дар даруни сойи хушкидаи Зарринрӯд зери хок мекунанд.

Баъди ин сир бой надода, аҳли оила чунин вонамуд мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи Орзугуланд. Ҷасади алакай дар ҳоли пӯсидашавӣ қарордоштаи духтарро рӯзи 11 декабр пайдо карданд ва рӯзи 17 декабр Толибҷонро бо иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи хоҳараш ба ҳабс гирифтанд.

Муаллифи гузориш – сухангӯи УВКД вилояти Суғд Акбар Шарипов мегӯяд, ҷасади бесари Орзугулро рӯзи 11 декабр аз даруни як сойи хушкида дар берун аз деҳаи Ободдара (собиқ Уяс)-и ҷамоати Зарҳалол пайдо карданд. Сари аз тан ҷудои ин духтарро баъди ҷустуҷӯи зиёде 500 метр дуртар аз ҷасад пайдо кардаанд. Гумон меравад, ки сари Орзугулро сагони дайду бурдаанд…

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Орзугул Ашӯрқулова рӯзи 27 октябр дар пайи як нофаҳмӣ бо аҳли оила аз хона қаҳр карда, баромада рафт. Волидонаш ӯро тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун шахси бедаракшуда таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.

Орзугул рӯзи 28 ноябр, баъди як моҳи ғайб заданаш ба хона баргашт. Дар ин байн дар деҳа овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё Орзугул бо кадом марди бегона алоқа дошт ва ба ҳамин сабаб аз хонаашон гурехта рафтааст.

Ин овозаҳо аҳли хонаводаро нисбат ба Орзугул бадгумон кардааст ва вақте ки ӯ баргашт, бародари калониаш Толибҷон Ашӯрқулов, соли таваллудаш 1995, аз гиребони хоҳараш мегирад, ки ин қадар вақт куҷо буд?

Толибҷон Ашӯрқулов, ки гумонбари асосӣ дар қатли хоҳараш шумурда мешавад ва дар боздошт қарор дорад, дар ин гузориш муноқишааш бо Орзугулро чунин нақл кард: «Баъди рӯбарӯ шудан бо Орзугул ӯро пурсидам, ки «дар куҷо будӣ? Ин чӣ кори кардаат буд? Моро шарманда кардӣ!” Ӯ сухани маро шунида, «агар ман ба шумо даркор набошам, худамро мекушам” гуфта, сӯи оғилхона рафт. Аз қафояш рафта, боз як боридигар суханонамро такрор кардам. Баъд ҳамин ҳодиса рух дод…”

Дар гузориш Толибҷон дар ҳузури кормандони милиса ва шоҳидон нишон медиҳад, ки чӣ тавр хоҳарашро кушт. Ӯ аввал бо тӯрхалта хоҳарашро буғӣ карда, сипас бо ҷодуи коҳбурӣ сари вайро аз тан ҷудо кардааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки падари Орзугул – Баҳодур Ашӯрқулов барои пинҳон кардани изи ҷинояти писараш кумак кардааст. Ӯ ҷасади сараш аз тан ҷудои духтарашро ба мошини худ бор карда, ҳамроҳи Толибҷон ба берун аз деҳа мебаранд ва дар даруни сойи хушкида зери хок мекунанд.

Баҳодур Ашӯрқулов низ дар ин гузориш ҳаракатҳояш, аз ҷумла чӣ гуна бо дастони худ ба бордони мошини «Опел-Вектра” бор кардани ҷасади духтарашро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Даромадан замон аз писарам пурсидам, ки чӣ ҳодиса шуд? Ӯ кирдори содиркардаашро ба ман гуфт. Духтарам алакай мурда буд. Баъдан «кори шудагӣ – шуд” гуфта дар пайи нест кардани изи ҷиноят шудем…”

Онҳо ҷодуи коҳбуриро бо маҳлули кимиёвӣ тоза карда, хоки хунолуди даруни оғилро пурра иваз карданд ва Толибҷон либоси дар хуни хоҳараш оғӯшташударо пурру оташ зад, ки ягон изи ҷиноят намонад.

Вале ёфт шудани ҷасад парда аз рӯи ин ҷинояти пур аз ваҳшоният бардошт ва маълум шуд, ки Орзугулро бар асоси овозаҳои мардум бародари худи ӯ куштааст.

“Ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *