Тафсилоти куштори се зани ҳисорӣ
Чашмонамро кушодам, ки болои сарам як сиёҳӣ. Хиёл кардам, ки сиёҳӣ лағатам кардааст, дод задам. Ӯ давид, омад, даҳанамро қапид. Гурехтанӣ шудам, ки намонд.
Тавре ВКД Тоҷикистон дар барномаи навбатии телевизионии “Ахбори ВКД” хабар медиҳад, дар Ҳисор дар давоми 4 рӯз се зан ба қатл расидаанд.
Дар барнома тафсилоти куштори се зан дар Ҳисорро нашр кардонҳо оварда мешавад. Ин се куштор дар байни ҳамагӣ 4 рӯз – аз 22 то 26 декабр рух дода, дар ду мавриди мардони солхӯрдаи 62-сола ҳамсарони худро куштаанд. Дар як мавриди дигар як ҷавон бо нияти дуздӣ ба хонаи ҳамсоя даромада, зани соҳиби хонаро буғӣ карда куштааст, вале вақте бо ҳамин тариқ мехоҳад духтари ӯро ҳам бикушад, духтар аз талвосаи ҷон ниқобро аз рӯи ғоратгар кашидааст ва қотил тарсида, фирор кардааст.
Ҳалимов Абдураҳим, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Лангари поён, рӯзи 22 декабр, тахминан соати 17:30 бо ҳамсараш Умедова Солеҳа ҷанҷол карда, ӯро бо дастонаш буғӣ кардааст. Дар натиҷа, зани бечора дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Мирзомиддинов Баҳриддин, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Деҳқонобод ҳамсараш Тошбекова Парвина, соли таваллудаш 1987-ро бо як бераҳмии махсус бо корд ба қатл расондааст.
“То ҷои таксиҳои Ҳисор дар асабам задан гирифт. Ҳама фаҳмид, қишлоқ фаҳмид, ҳамсояҳо фаҳмид, апаҳои худаш фарёдам карданд, гуфтанд. Ба ҷонам расид ва вақте пеши хона расидем, “ту …” гуфт тарафам. Дар ҳамин гап задамаш бо кордча”, – нақл мекунад Мирзомиддинов ҳодисаро.
Куштори зани сеюмро як ҳамсояаш ба хотири дуздии пулу мол содир кардааст.
Одинаев Муҳаммад, соли таваллудаш 1994, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор 26 декабр ба рӯй ниқоб кашида, бо мақсади дуздӣ ба манзили ҳамсояаш Розиқова Ороста ворид шудааст. Соҳиби хона даромадани дуздро пай мебарад ва Одинаев барои ошкор нашудани мақсади нопокаш зани бечораро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Ӯ баъди куштан ангуштарӣ ва гӯшвори тиллоии Ороста Розиқоваро тасарруф карда, бо мақсади идомаи ниятҳои ҷинояткоронааш духтари ноболиғи соҳибхонаро низ буғӣ карда, мехоҳад бикушад, вале духтар муқобилият нишон дода, ниқобро аз рӯи қотил мекашад. Одинаев баъди ин, барои онки ӯро нашиносанд, бошитоб ҷои ҳодисаро тарк кардааст.
Ин духтари ҷабрдида ҳодисаро ак дар чашм чунин нақл кард: “Аз дар даромад, дарро ба дараҷае сахт пӯшид, ки… “Оча, оча” гуфтам, ҷавоб надод. Чашмонамро кушодам, ки болои сарам як сиёҳӣ. Хиёл кардам, ки сиёҳӣ лағатам кардааст, дод задам. Ӯ давид, омад, даҳанамро қапид. Гурехтанӣ шудам, ки намонд. Ман дасташро газидам, дард ёфт ва як шаттаам зад. Боз қапид маро ва ин дафъа ниқобашро аз рӯяш кашидам…”
Боздошти се зане, ки дар назди тарабхона занозанӣ доштанд (видео+аксҳо)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ