Тафсилоти суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи ширкати «Azerbaijan Airlines» дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам будаанд.
25 декабри соли 2024 ҳавопаймои мусофирбари ширкати «Azerbaijan Airlines«, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Актау, дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Ҳавопаймо, пеш аз замин афтодан чанд маротиба дар болои фурудгоҳ давр зад ва баъд аз он аз радарҳо нопадид шуд.
Лаҳзаи суқут аз ҷониби шоҳидон сабт шудааст. Аз 67 мусофир ва кормандони ҳавопаймо, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафар зинда монданд. Ҳолати 11 мусофири зинда вазнин арзёбӣ шудааст.
Дар миёни мусофирони ин ҳавопаймо ду шаҳрванди Тоҷикистон, Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев будаанд.
Субҳонқул Раҳимов, сокини ноҳияи Айнӣ аз ин ҳодиса зинда монда, каме аз пешонааш осеб гирифтааст. Тавре дар навори шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ӯ аз дохили ҳавопаймо калимаи «шаҳодат» мехонд. Пас аз суқут, ӯ қисматҳои харобшудаи ҳавопаймо ва худро нишон дода, гуфт, ки халабон ҳалок шуд.
Зинатулло Саъдуллоев, ки 29 сол доштааст, зодаи ноҳияи Файзобод буда, ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доштааст. Аммо ҳоло сарнавишташ маълум нест.
Дар робита ба ин ҳодиса Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳори тасаллият намуда, ба тамоми осебдидагон шифои комил хост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ