Тафсилоти сукути чархбол ва марги президенти Эрон
Бино ба иттилои хабаргузории “Меҳр”, Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва ҳамаи аъзои дигари ҳайат, ки пас аз сафари Озарбойҷон бармегаштанд, бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расидаанд.
«Президенти Эрон ва ҳамроҳонаш дар садамаи чархбол ба ҳалокат расиданд… Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии мо дар суқути чархбол дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар шимолу ғарби Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар миёни ҳалокшудагон аст»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дар дохили чархбол ба ҷуз аз раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷӣ, имоми Табрез Муҳаммад Алӣ ал-Ҳошим, раиси вилояти Озарбойҷони Шарқӣ Малик Раҳматӣ, ҳайати чархбол ва як посбони амниятӣ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки чархбол дар 30-километрии минтақаи Тавал пайдо шудааст.
Ба навиштаи расонаҳо, ҳавопаймо ба санг бархӯрда, оташ гирифтааст. Чархбол дар натиҷаи суқут пурра сӯхтааст.
Бояд гуфт, ки чархболи Иброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд.
Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Иброҳим Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо ӯ президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ