Тафсилоти таҷовуз ва марги ноболиғ дар Хуросон нашр шуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафсилоти таҷовуз ва куштори ноболиғро нашр намуд. Ин ҳодисаи нангин ва пурсарусадо 16 август дар деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилоли ноҳияи Хуросон рух дода буд.

Болтахонов Рустам Исматуллоевич 16 августи соли 2021 тахминан соатҳои 12:20 дар ҳолати мастӣ, хурдсол Б.М., санаи таваллудаш 12 ноябри 2012-ро, ки бо дучарха машғули бозӣ будааст, дида, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш ворид намудааст. Пас дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш ба хурдсол Б.М. маблағи 10  сомонӣ ва ҳаргуна маҳсулоти хӯрокаи кӯдакона дода, дидаю дониста, ки Б.М. ҳоло хурдсол буда, баръало ба синни 14- солагӣ нарасидааст, дар ҳолати оҷизона қарор дорад, бо Б.М. ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст. Бинобар сабаби нафси шаҳвониаш қонеъ нашудан ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, олоти мардиашро тахминан 20-30 дақиқа ба узви занонаи охирин молиш додааст.

    Ғайр аз ин, ӯ кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, бино бар сабаби бо роҳи ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта қонеъ карда натавонистани нафси шаҳвониаш,  дар назди худ мақсади таҷовуз ба номуси хурдсол Б.М.-ро гузошта, охиринро дидаву дониста, ки хурдсол буда, баръало ба синни 14 солагӣ нарасида, дарҳолати оҷизӣ қарор дорад, ба тахтапушт хобонда, бо истифодаи зӯроварӣ олоти мардиашро ба маҳбали он дароварда, тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ карда, дар натиҷа хурдсол Б.М. аз ҳуш рафтааст. Пас ӯ хурдсол Б.М.-ро тариқи ба рӯяш об пошидан ба ҳуш оварда, баъди аз як чанд дақиқаи дигар ӯ боз бо мақсади маротибаи дигар қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ дар ҳуҷраи истиқоматиаш, дидаву дониста, ки хурдсол Б.М. беҳолу бемадор мебошад бо вай боз як маротибаи дигар тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, ба номуси охирин таҷовуз кардааст.

    Баъдан, хурдсол Б.М. ба ӯ гуфтааст, ки оиди ин кирдори содиркардаи ӯ ба модараш хабар медиҳад. Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва рӯйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Б.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Б.М.-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Б.М.-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст.

    Минбаъд, аз торик шудан тахминан соати 21-22 ӯ ҷасади хурдсол Б.М.-ро аз ҳавлиаш бароварда, ба дохили ҷӯйбори сементии (лоток) обгузар, ки дар кӯча дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлиаш ҷойгир аст партофтааст…

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,л”, 138 қисми 3 банди “а” ва 139 кисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси талаботи моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯъи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *