Тафтиши парвандаи Абдусамадов ба охир расид

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи Ҳусейн Абдусамадов, шахси муттаҳам дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷиро анҷом додааст.

Парвандаи Абдусамадов аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “терроризм” (179) ва “одамкушӣ (104, қисми 2) таҳқиқ шудааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин аъмол аз 23 соли зиндон то ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин, Прокуратураи генералӣ  парвандаи нӯҳ нафари дигарро таҳқиқ кардааст, ки дар ҳамла ба сайёҳон ба навъе иштирок доштаанд ё аз тарҳи он хабардор буданд. Ҳафтаи гузашта Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии  Тоҷикистон  дар нишасти прокурорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар Душанбе гуфта буд, ки дар робита ба ҳамлаи маргбори 29-уми июл 17 нафар дастгир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *