Тахмин 10 нафар зери обу борон монданд

Тақрибан 10-нафар истиқоматкунандагони бинои панҷошёнаи рақами 30 дар шаҳри Хуҷанд зери оби борон мондаанд. Ҳабиба Мансурова ном сокини ин бинои давлатӣ мегӯяд, баъди боронҳои рӯзҳои ахир ҳуҷрааш ба кӯлмак табдил ёфтаааст. Аз сабаби таъмирталаб будани боми бино борон аз қабати панҷуми то ба қабати сеюму чаҳоруми бино асар кардааст.

                                      Гузориш бо истифода аз маводи телевизиони маҳалли «СМ-1» омода шудааст.

Ин бино ҳамчун хобгоҳ ба корхонаи «Садаф» тааллуқ дошта дар он тақрибан 40 оила зиндагӣ мекардаанд. Аксари истиқоматкунандагони хобгоҳ коркунони корхонаи мазкур ва қисми дигар сокинон буда иҷоранишинанд. Онҳо талаб доранд, ки боми баландошёна тамир карда шавад. Бино ба гуфтаи масъулини корхонаи «Садаф» 70% -истиқоматкунандагони хобгоҳ иҷорапулии моҳонаро пардохт накардаанд ва 12 ҳазор сомонӣ қарздонанд. Дар сурати пардохти иҷорапулӣ бинои баландошёна бомпӯш мешудааст, ки бино ба тахминҳо беш аз 15 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

                                                                                                                      Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *