Тахриби биноҳои 130-сола дар Тошканд
Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, ки дар маркази шаҳри Тошканд биноҳои қадимиро тахриб кунанд. Бархе аз ин биноҳои истиқоматӣ ҳанӯз дар соли 1891 сохта шудаанд. Сокинон зидди тахриб кардани биноҳо ҳастанд.
Ба гуфтаи сокинон, намояндагони ширкати хусусии «Muhandis-Konsulting» ваъда кардаанд, ки дар ҷои биноҳои қадимӣ хонаҳои баландошёна месозанд ва барои сокинон дар биноҳои нав манзил медиҳанд.
«Биноҳои мазкур дар ҳар сурат бояд то соли 2025 тахриб шаванд. Ин биноҳо садамавӣ ва куҳна шудаанд. Агар тахриби биноҳо аз сӯи ширкати хусусӣ сурат нагирад, ҳукумат ба тахриби онҳо иқдом мекунад», — навиштанд расонаҳо аз қавли намояндагони ширкати хусусӣ
Ин биноҳо барои артиши Русияи подшоҳӣ ҳамчун саисхона ва хобгоҳи умумӣ сохта шудаанд. Дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ин биноҳо гурезаҳо зиндагӣ мекарданд.
Коршиносон мегӯянд, маҷмуаи иборат аз 3 бинои маркази шаҳр, ки бояд тахриб шаванд, ёдгории даврони шӯравист.
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов 23 декабри соли гузашта хабар дод, ки дар ояндаи наздик ҳамаи биноҳои қадимии маркази Тошканд тахриб ва дар ҷои онҳо биноҳои нави баландошёна сохта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ