Тахриби Театри лӯхтак ва Кохи Ватан дар Бохтар (аудио)

Қарор аст дар наздиктарин муҳлат бинои Театри лӯхтаки “Афсона” вайрон карда шавад. Дар баробари Театри лӯхтак дар биное, ки қарор аст тахриб кунанд, боз чор идораи дигар ҷойгиранд.

Дар биное, ки кандаву дар ҷояш дигар сохтмон мешавад, идораҳои “Хатлонсинамо”, Театри лӯхтак, маҷаллаи “Меҳровар” ва Шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон ҷойгиранд. Ҳамчунин, Кохи Ватан низ тахриб карда мешавад.

Хайрулло Давлатов, роҳбари Театри лӯхтаки “Афсона” ба Pressa.tj гуфт, ки “ҳунармандони театри моро дар таҳхонаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҷой карданд. Таҳхонае, ки моро ҷой карданд, барои театр нест. Танҳо як маҷлисгоҳ дораду халос. Театре, ки ҳоло тахриб мешавад, давраи шӯравӣ бунёд шудааст ва ба талаботи театрӣ ҷавобгӯ аст. Вале ваъда карданд, ки кӯч бастани мо ба таҳхонаи театр муваққатӣ аст. Дар сурати пайдо шудани имконият бароямон ҷои муносибтаре пайдо мекунанд”.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар ба Pressa. tj гуфтанд, ки дар ҷой бинои театр хонаи баландошёна месозанд: “Ин тарҳ мувофиқи нақшаи генералии шаҳри Бохтар амалӣ мешавад. Дар ҷойи театр бинои баландошёна бунёд мешавад. Барои сохтмони биноҳои баландошёна мавзеи биноҳое, ки тахриб мешаванд, ба соҳибкорон дода шудааст. Дар се сол сохтмонҳо бояд ба охир расанд. Дар ҷойи Кохи Ватан ду бинои баландошёна ва дар байни биноҳо як кохи замонавию муосир бунёд карда мешавад”.

Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар гуфтанд, ки “дар масъалаи ҷо ба ҷо кардани кормандони ташкилотҳое, ки аллакай бинои маъмурии онҳо тахриб мешавад, мо чизе гуфта наметавонем. Идораҳои вилоятиянд ва бояд идораи амволи вилоят барояшон бино пайдо кунад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *