“Тахти Сангин”. Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ гузаронида мешавад

Рӯзҳои 4-6-уми октябри соли равон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ, тибқи барнома, дар симпозиум аз ҷумла мавзуҳои «Ҳафриёт ва стратиграфияи маъбади Вахш», «Даврабандии Тахти Сангин ва масъалаи мансубияти Хазинаи Амударё ба маъбади Вахш», «Равандҳои байнифарҳангӣ дар давраҳои ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ дар Бохтар ва Суғд», «Хусусияти меъморӣ ва услуби сохтмони монументалӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ», «Нумизматика ва эпиграфикаи Бохтари Қадим», «Санъат ва ҳунармандӣ дар Бохтар ва Суғди замони ҳахоманишӣ, эллинистӣ ва кушонӣ» ва «Ҷуғрофияи таърихии Бохтар ва Суғд» мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории симпозиум боздиди иштирокчиёни он аз ёдгории шаҳраки қадимаи Тахти Сангин пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11-уми ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

Соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Тахти Сангин дар ноҳияи Кубодиён ба олимон супориш дод, ки барои баргардонидани Ганҷинаи Амударё ба ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 8-уми марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро, аз ҷумла лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament)-ро, ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир супорид. Ин нусхаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *