Таъини сафири нави Ҷопон дар Тоҷикистон
Такаюкӣ Мияшита, сафири нави Ҷопон дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.
Тибқи иттилои ВКХ, дар мулоқот бо сафири навтаъин, ки 12 ноябр баргузор шуд, Нозирӣ Мияшитаро бо мақоми наваш шодбош гуфта, дар амалӣ намудани рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон муваффақият хостааст.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо таҳкими муносиботи Ҷопону Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи натиҷаҳои сафари расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопонро, ки 3-5 октябри соли 2018 баргузор шуд, баррасӣ намуданд.
Такаюкӣ Мияшита дар мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷима Китаокаро иваз кард.
Китаока, сафири қаблии Ҷопон дар Душанбе, ахиран бо қарори Ҳукумати кишвараш ба мақоми сафир дар Эстония таъин гардид. Ҳаҷима Китаока соли 2016-ум ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин мансаб Такаши Камадаро иваз карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ