Таъиноти кадрӣ: Аз вазири кишоварзӣ то раисони навоҳии Суғду Хатлон

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар вазорату идораҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Салимзода Амонулло Файзулло — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен, Салимзода Комил аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раҷабзода Муҳаммадҷобир аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд. Сулаймонзода Акрам Раҳим – иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара, Нуъмонзода Темур – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ – иҷрокунандаи вазифаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Саломзода Сиҷоуддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоев Нусратулло ва Саидова Ҷамила аз вазифаи муовинони Вазири кишоварзии Чумхурии Точикистон, Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матробиён Саодатшо Қосимзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардида, Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон — раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амонзода Ширин Шодӣ — раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғаффор — муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт — Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз муовини аввали раиси вилояти Хатлон таъин гардид.


Сарвари давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида талаб намуданд, ки вазифаҳои хизматии худро дар ҷаҳорчӯбаи Қонун ва талаботи замони муосир ба роҳ монда, барои боз ҳам самараноку муассир гардидани фаъолияти роҳбариашон пайваста омӯзанд ва ҳамкориро бо вазорату идораҳои марбута зич ба роҳ монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *