Таъиноти кадрӣ дар мақомоти вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо кардҳое, ки бо розигии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомотҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таъин гардидаанд, суҳбат кард.
Тавре ки Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Зоирзода Маърифат Оймаҳмад муовини аввали раиси ноҳияи Балҷувон, Кабирзода Неъматулло Раҳмон муовини аввал ва Иброҳимзода Зуҳро Искандар муовини раиси шаҳри Левакант, Хайрулло Ҳафизулло Сайдулло муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Гулмуродзода Бибинисо ГУлмурод муовини раиси ноҳияи Восеъ, Ҷумъазода Шифо Ҷумъа ва Одиназода Олим Одина муовинони раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъин гардидаанд.
— Шумо, ки дар сатҳи маҳал сарпарастии соҳаҳои саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, иҷтимоиётро сарпарастӣ мекунед, бояд ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишт, зиёд кардани майдони кишти картошка, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил тадбирандешӣ намуда, ба халқу ватан содиқона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ хизмат кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, — қайд намуд Қурбон Ҳакимзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ