Таъиноти кадрӣ: Расман кӣ куҷо рафт?
Пас аз чанд соати нашри хабарҳои алоҳида аз барканорӣ ва вазифагирӣ билохира дар сомонаи расмии Президенти кишвар расман аз таъиноти кадрии имрӯза хабар доданд.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илм, Ҷӯразода Ҷамшед муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъин гардиданд.
Ҳамчунин, Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ таъин гардид.
Муовини директор ва сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳимзода Шабнам муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардиданд.
Мутобиқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар бораи таъин намудани Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои Сараудиторони Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.
Президенти мамлакат ба кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ таъингардида дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои дар оянда бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат фаъолият намудан барору муваффақият хост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ