Таъиноти нави чанд раис

Раисони ноҳияҳои Лахшу Сангвор ва Тоҷикободи минтақаи Рашт иваз шуданд. Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 23 ноябр имзо шуд, Умед Зоҳирзода аз мақоми раиси ноҳияи Лахш барканор ва ба ҷойи ӯ Файзулло Баротзодатаъин гардидааст. Умед Зоҳирзода дар мақоми муовини раиси вилояти Хатлон нишаст. Ҳиммати Ғайрат «бо сабаби ба нафақа баромадан» аз мақоми раиси Сангвор ва Ҳусейн Ализода «бо сабаби ба кори дигар гузаштан» аз вазифаи раиси Тоҷикобод озод шуданд. Зарифхӯҷа Шоҳиён ва Нодираи Маҳмадисо раисони нави Сангвору Тоҷикобод таъин гардиданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *