«Қазияи Мадина»: Зану шавҳар боздошт ба ҳабс гирифта шуданд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова барои қасди одамкушӣ ва нисбати шавҳараш Лутфулло Давлатов барои азобу уқубат парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
Гуфта мешавад, ки боздошту ба ҳасб гирифтани Азиза Давлатова ва Лутфулло Давлатов дар асоси муроҷиати шаҳрванд Зулфия Алимова, модари Мамаҷонова Мадина, духтари латукӯбшуда мебошад, ки тавассути ВАО ба президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва прокурори генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Дар иттилоия омадааст: “Дар натиҷа, нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) ва шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд, Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.
Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Гумонбаршуда дар ин парванда Давлатова Азиза ҳамсари қонунии марде мебошад, ки Мадина бо ӯ мулоқот кардааст.
Тафсилоти бештар дар «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ