Ҳалокати 20 нафар корманди маорифи Хатлон аз «илтиҳоби шуш»

Тайи чанд моҳи охир дастикам 20 корманди соҳаи маориф дар вилояти Хатлон аз илтиҳоби шуш фавтидаанд. Дар ин бора “Озодӣ” дар такя ба мақомоти вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи Хатлон рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт ки аксари  фавтидагон омӯзгорон ва кормандони бахши маориф мебошанд.

Ба гуфтаи Исозода, ин омор дар ихтиёри ин ниҳод аз сӯи шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд ва бемории афроди фавтидаро илтиҳоби шуш ва коронавирус гуфтанд.

Ин масъули Раёсати маорифи Хатлон айни замон гуфт, ки ба хонаводаҳои ин афрод аз тарафи иттифоқи касабаи маориф кӯмаки молӣ ва ғизоӣ расонида шуд. Вале ӯ дар бораи ҳаҷми маблағи кӯмакшуда ба ин афрод маълумоте надод.

Аз ин қабл мақомот дар Хатлон гуфта буданд, ки дар ин вилоят бар асари бемории фарогири ахир беш аз 20 корманди арсаи беҳдошт ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *