ҶАСОРАТ Ё БЕПАРВОӢ

Дар тамоми ҷаҳон аз тарси гирифтори корнавирус чораҳои пешгирӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, мардум беҳуда ба кӯча намебароянд, ба муассисаҳои фароғатӣ намераванд ва агар аз рӯи зарурат берун шаванд ҳам, ҳатман ба рӯй ниқоб мепӯшанд, то худ ва дигаронро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд. Чунин чораҳои амниятӣ ҳатто дар Туркманистон, ки он ҷо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, ба назар мерасад. Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистони ба мо ҳамсоя бошад, барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус беш аз як ҳафта аст, ки ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шудааст. Шукри Яздон, ки дар кишвари мо Коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо бепарво бошем. Бояд ҳамагон қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро риоя намоем. Зеро ҳар яки мо метавонем паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ бошем. Субҳи имрӯз бо автобуси рақами 8, ки лабрези мусофирон буд, ба кор рафтам. Муттаасифона, ягон нафар ниқоб надошт ва аксар бепарвоёна суҳбат мекарданд.

Аз саҳифаи фейсбукии Ҷовид Муқим

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *