Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Баҳодур Усмонов ғолиб шуд

Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун идома дорад, бар аввалин ҳарифаш ғолиб омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Баҳодур дар чорякфинал, ки 9 март баргузор мегардад, бо варзишгари кишвари мизбон Обада Алкасба вомехӯрад.

Соли гузашта Баҳодур Усмонов дар финали Чемпионати Осиё Алкасбаро мағлуб карда буд. Ин аввалин пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар Аммон мебошад. Ду рӯзи аввали мусобиқа 5 варзишгари мо — Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни 75кг, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни 52кг, Шералӣ Мамадалиев дар вазни 69кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.