17 соли фаъолият дар Мегафон. Парвиз Давлатов кист?

Ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс атрофи қазияи  Мадина Мамадҷонова бештар доман зада истодааст. Мадина  аз ҷониби ҳамсари Парвиз Давлатов, шадидан латукӯб шудаву ҳафтае пеш расонаӣ шуда буд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба по хезонд.

Гуфта мешавад, ки Мадинаро Азиза, ҳамсари Парвиз Давлатов аз назди хонааш дуздида, зӯран ба мошин бор карда, ба самти номаълум бурдааст. Баъд аз 14 соат ҷавонзанро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона расонидаанд. Мадина аз латукӯби зиёд ба кома афтида, ҳоло дар беморхонаи «Қарияи Боло” бистарӣ аст.

Вокуниш баъд аз муроҷиати модари Мадина

Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қазияи шиканҷаи Мадина вокуниш кард. Қабл аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Зулфия Алимова, модари Мадина Мамадҷонова ба номи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон арз шуда буд, ки духтарашро Азиза Давлатова ном зани дигар шиканҷа намудааст. Тавре дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ менависад, «раиси шаҳри Душанбе муроҷиати модари ҷабрдидаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод». «Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст», — таъкид мекунад манбаъ.

Ҳамин тавр, Раиси Маҷлиси миллӣ ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шавад. «Тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст», — менависад манбаъ.

Ба иттилои Зулфия Алимова, Азиза Давлатова дар пайи рашк, 25 август Мадина Мамадҷоноваро рабуда, лату кӯб ва буғӣ кардааст. Дар натиҷа, ӯ ду моҳ мешавад, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати вазнин ва беҳушӣ қарор дорад. Ин муроҷиати зан вокуниши васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт. Онҳо аз мақомот, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки ба қазия расидагӣ кунад.

Баъд аз дастури Рустами Эмомалӣ: зану шавҳар дар боздоштгоҳ

Ахиран, Прокуратураи генералии Тоҷикистон  нисбат ба  Азиза Давлатова барои қасди одамкушӣ ва  шавҳараш Лутфулло Давлатов барои азобу уқубат парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Гуфта мешавад, ки боздошту ба ҳасб гирифтани Азиза Давлатова ва Лутфулло Давлатов дар асоси муроҷиати шаҳрванд Зулфия Алимова, модари  Мадина Мамаҷонова, духтари латукӯбшуда мебошад. Ин муроҷиат тавассути ВАО ба раиси Маҷлиси миллӣ  ва Прокурори генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Дар иттилоия Прокуратураи генералӣ омадааст: “Дар натиҷа, нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) ва шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.  Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.

Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони “Қарияи Боло” оварда шудааст. Гумонбаршуда дар ин парванда Давлатова Азиза ҳамсари қонунии марде мебошад, ки Мадина бо ӯ мулоқот кардааст.

Парвиз Давлатов кист?

Манобеи огоҳ мегӯянд, ки Парвиз Давлатов ва ҳамсараш Азиза Давлатова, ки ҳоло дар шаканҷаи Мадина айбдоранд, пайванди хешӣ доштаанд. Парвиз Давлатов  дар ширкати “Магафон-Тоҷикистон” дар вазифаи калидӣ кор мекардааст. Ӯ дар ин ширкати бонуфузи мобилӣ аз оператори одӣ, мутахассиси маркази тамоси муштариён то ба сатҳи роҳбари минтақавии Ширкати “Мегафон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ расидааст.  Қаблан масъули намояндагии Ширкати “Мегафон” дар вилояти Суғд низ будааст.  Ӯ таҷрибаи беш аз  17 – солаи фаъолият дар Ширкати “Мегафон”-ро дорад. 

Тафсилоти бештар дар «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *