Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӣ академик шудан мехоҳад? Марҳамат ба озмун!

Акдемияи илмҳодар ҷойҳои холӣ барои интихоби аъзои пайваста (академикҳо)  ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон мекунад

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», банди 16-и Оинномаи Академияи илмҳои Љумњурии Тоҷикистон ва банди 3-и Низомномаи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои холии мавҷударо барои интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва

техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ихтисос Шумораи ҷойҳои холӣ
аъзои пайваста (академикҳо)-и АИ ҶТ аъзои вобастаи АИ ҶТ
Математика 1 2
Астрономия 1
Физика 1
Физикаи таҷрибавӣ (эксперименталӣ) 1
Физикаи назариявӣ 2
Физикаи ҳолатҳои конденсӣ 2
Химияи ғайриорганикӣ 1
Химияи дорусозӣ 1
Химияи пайвастагиҳои калонмолекулӣ 1
Химияи органикӣ 1
Экологияи муҳити зист 1
Мошинсозӣ 1
Таърихи илм ва техника (илмҳои физика ва математика) 1

Шуъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ихтисос Шумораи ҷойҳои холӣ
  аъзои пайваста (академикҳо)-и АИ ҶТ аъзои вобастаи АИ ҶТ
Физиология ва биохимияи растаниҳо 1 1
Ботаника 1
Ботаника ва экология 1
Растанипарварӣ 1
Генетика 1
Зоология 1

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ихтисос Шумораи ҷойҳои холӣ
  аъзои пайваста (академикҳо)-и АИ ҶТ аъзои вобастаи АИ ҶТ
Таърих 1 2
Сиёсатшиносӣ 2
Фалсафаи иҷтимоӣ 1
Атропологияи фалсафӣ 1
Ҳуқуқшиносӣ 2
Адабиётшиносӣ 2
Забоншиносӣ 3
Шарқшиносӣ 1
Иқтисодиёт 2

Мутобиқи банди 17-и Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 6-и Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи пешбарии довталабонро ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои дахлдор аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳиб мебошанд.

Пешбарии довталабон аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳо дар маҷлисҳои Шўроҳои илмӣ ва илмию техникӣ, коллегияҳо ва раёсатҳо аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Довталабоне пешбаришуда ҳисоб мешаванд, ки на камтар аз 50 фоиз овоз гирифтаанд.

Шӯроҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Шӯроҳои илмӣ ва илмиву техникӣ, коллегияҳо ва раёсатҳоро зарур аст, ки дар муҳлати як моҳ баъди нашри эълон ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосноккунии дахлдор ном ва ҳуҷҷатҳои довталабонро барои интихоб ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикргардида пешниҳод намоянд.

Ба довталабони аъзои пайваста (академикҳо)-и АИ ҶТ ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар ду нусха ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод  намоянд:

  1. Розигии довталаб барои интихоб ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси эълонгардида.
  2. Қарори Шӯрои илмӣ (илмиву техникӣ)-и ташкилот, ҳайати мушовара ё раёсати муассисаи пешбарикунандаи довталаб бо натиљаҳои овоздиҳии пинҳонӣ ва ё мактуб бо далелҳои зарурӣ дар мавриде, ки довталабро аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда бошанд.
  3. Шарҳи ҳоли довталаб.
  4. Варақаи баҳисобгирии шахсии кадрҳо ва ду сурати андозаи 4,0 х 6,0 см.
  5. Рӯйхати корҳои илмӣ (шакли 3.3).
  6. Рӯйхати номзадҳои илм, ки таҳти роҳбарии довталаб рисолаи худро дифоъ кардаанд.
  7. Нусхаи дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дипломҳои унвони илмӣ ва шаҳодатномаҳои дараҷаҳои илмӣ, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд.
  8. Тавсиянома- тавсифнома дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгории довталаб аз ҷои кори асосӣ.
  9. Маълумот оид ба фаъолияти илмию ташкилии довталаб дар 1 саҳифа.
  10. Барномаи фаъолияти илмии довталаб барои 5 соли наздик.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ бояд ба нишонаи зерин фиристода шаванд: 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо – 1 моҳ (30 рўз) аз рӯзи нашр шудани эълон.

 

Раёсати Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.