Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикобод макони ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим?

 

Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш дар вилояти Хатлон, ки дар канори шаҳри Қурғонтеппа ҷойигир шудааст, ҳамеша дар назорати оперативии мақомоти амниятии вилоят қарор дорад. Зеро  аз ҳама бештар боздоштшудагон- азоёни ошӯби Абуҳалим Назарзода ё Ҳоҷӣ Ҳалим аз ин минтақа будаанд.

Сӯҳроб Саломов, муовини сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон дирӯз дар ҷаласаи хабарияш ба суоли хабарнигорон посух дода гуфт, ки танҳо аз як ҷамоат 10 нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим бозошт шуда ва 3 нафари дигар дар пайгарди пулис қарор гирифтаанд.

Сӯҳроб Саломов гуфт, ки ин даҳ нафар сокинони ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода ё Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифоъи кишвар моҳи сентиябри соли гузашта ҳамдастӣ доштанд, ки алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ноҳияи Вахш иттилоъ медиҳад, ки аз  ҷамоати “Тоҷикобод”, ки ҳоло се нафар дар кофтукови ҷиноӣ қарор дорад,  баъзеашонро баъди ин ошуб дар шаҳри Ваҳдат ва Душанбе, инчунин  баъзе дигарашонро, қабл аз парвоз  ба Русияро боздошт кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.