32-сола, соҳиби духтари 11-сола: Мадина кист?
Амон Қаробоев, падари Мадина Муҳаммадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар ҳоли беҳушӣ (кома) дар шифохонаи «Қарияи Боло»-и Душанбе бистарист, дар бораи духтараш нақл кард.
Падар ҳангоми хурд будани Мадина аз модари ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафта, дар он ҷо ҳамчун соҳибкор фаъолият дорад.
Қаробоев мусибатеро, ки ба сари духтараш омадааст, 6-уми сентябри имсол телефонӣ аз ҳамсари пешинааш фаҳмида, рӯзи 10-уми сентябр ба Душанбе омадааст.
Мадина 32 сол дошта, хеле ҷавон хонадор шудаву ҳоло соҳиби як духтари 11-сола мебошад. Ӯ хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, то тобистони имсол ҳамчун муҳосиб (бухгалтер) дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” кор кардааст.
Ба гуфтаи падараш Мадинаро тобистони имсол Парвиз бо талаби ҳамсараш аз кор ронд ва ӯ бекор буду манбаи даромад надошт.
Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамаҷонова рӯзи 25-уми августи имсол аз назди хонааш нопадид шуд ва шаби 26-уми август дар ҳолати беҳушӣ ва нишонаҳои шиканҷа дар шуъбаи эҳёи маркази «Маҳаллаи Шифобахш» ё бемористони «Қарияи Боло» бистарӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ