Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

5 узви як оилаи тоҷик дар рудхонаи Тулаи Русия ғарқ шуд

Як оилаи тоҷик дар вилояти Тулаи Русия, ки иборат аз панҷ кас будаанд,  ғаршуда ба ҳалокат раксидаанд.

Ин хабарро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тасдиқ карда гуфтааст, ки панҷ узви як оила дар яке аз рудхонаҳои вилояти Тула ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт ин ҳодиса рузи 24-уми июн рух додааст.

Бар асоси иттилои ӯ, ин ҳидса сабаби марги зану шавҳар Бахт Маҳмадбеков ва Гавҳар, фарзандони онҳо Сабринаи 5-сола ва Хуршеди 11-сола, инчунин яке аз наздикони онҳо Ҷамшедшо Назришоеви 15-сола  мегардад. Онҳо дар дарёчаи шаҳраки Беличевскийи ноҳияи Богородискои вилояти Тула ғарқ мешаванд ва ба ҳалокат мерасанд.

Ҳамаи онҳое, ки ғарқ шудаанд, сокинони деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.