Абдуҳалим Ғаффоров: Дар интихихоботи президентӣ агар ғалаба кунем…

Дирӯз ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ташриф оварда, ба чанд саволи хабарнигори мо посух дод, ки фишурдаи он дар зер пешкаш мешавад.

-Рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст,  Ҳизби сотсиалистӣ дар он иштирок мекунад?

-Бале,   рӯзи 11 октябр интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва мо ҳам чун як ҳизби сиёсие, ки ҳадафаш ба даст овардани ҳокимият бо роҳи интихобот аст, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва қабл аз ҳама дар асоси Конститутсия амал мекунем ва дар он иштирок меварзем. 

-Дар гузашта низ ҳизби шумо дар шахси шумо номзади худро ба президентӣ пешниҳод намуда буд, вале  ғолиб наомад….

-Муҳим он аст, ки дар гузашта мо тавонистем бо барномаи ҳизби худ қишрҳои гуногуни ҷомеаро ошно созем, зеро меҳвари асоси барномаи ҳизби мо ин инсон аст. Инсоне, ки соҳиби зиндагии шоиста бошад,инсоне,ки аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда тавонад ва инсоне,ки дорои дараҷаи тафаккури пешрафта бошад. Мо ин корро давом дода истодаем ва бинобар ин, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз воситаҳое, ки қонун муайян кардааст, истифода  мебарем.

-То имрӯз ягон барномаи амал аз ҷониби ҳизб муқаррар гардидааст?

-Албатта, мо барномаи доимӣ барои ҳамаи соҳаҳо  дорем, вале тавре гуфтам, фаъолияти мо тавре аз номи ҳизб ҳам бармеояд, ба инсон ва ҳаёти  он  нигаронида шуда, пеш аз ҳама иҷтимоӣ аст. Яъне, дар мадди назари ҳизби мо оилаҳои камбизоат, маъюбон,пиронсолону нафақахӯрон, донишҷӯёну иштирокчиёни ҷангҳо қарор доранд. Бояд нафақаи пиронсолон зиёд бошад, маъюбону занони танҳо ба ғамхорӣ гирифта шаванд. Ҳоло нафақаи онҳо хеле кам аст.

Агар буҷаи кишвар имкон надошта бошад, шумо чӣ тавр онро зиёд мекунед? Магар роҳи ҳалли ин мушкилотро ҳизби шумо медонад?

-Бале, мо медонем. Пеш аз ҳама, бояд коре кард, ки даромади буҷа афзоиш ёбад. Ҳоло барои таъмини нафақаи як нафақагир бояд ду-дуюним нафар дар ягон завод ё фабрика кор кунад. Пас, бояд шумораи чунин корхонаҳоро афзоиш додан лозим.Тавре, ки Президенти амалкунадаи кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд, бояд ҳадафи чоруми миллӣ амалӣ карда шавад, ки ин  саноатикунонии хоҷагии халқ мебошад, Боз роҳи дигари афзоиши даромад, ин баланд бардоштани ҳуқуқи давлат дар масъалаи коркарди захираҳои табии аст. Бигзор дар дохили кишвар ва бо қувваи  мардуми мо боигариҳои табии мо коркард шаванд. Он гоҳ мо 75 фоизи даромадро ба хориҷиҳо намедиҳему он вориди буҷаи давлат мешавад. Роҳи сеюмаш, ин баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас аст. Вақте ки мо истеъдодҳои техникиро якҷо сарҷамъ карда, бо устодони забардаст таъмин мекунем, он гоҳ пешрафтро интизор шудан мумкин аст ва онҳо ба мардуми худ хизмат мекунанд.

-Ба фикри шумо, барои Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта табдил додан чӣ кор кардан лозим?

-Пеш аз ҳама, аз дигарон омӯхтан лозим. Агар имконият даст медод, ман нафарони босаводу бофарҳангро ба се намуди кишварҳои олам барои омӯзиш мефиристодам. Ба як давлати пешрафта, ба як давлати миёнаҳол ва ба як кишвари  ақибмонда. Онҳо он ҷо сабаби пешрафт, сабаби рушди миёна ва сабаби қафомонии он кишварҳоро меомӯхтанду минбаъд дар асоси омӯхтану таҳлил кардан дар Тоҷикистон аз он истифода мебурданд. Яъне, мо омилҳои асосии пешрафтро омӯзем.

-Шумо замоне ҳамчун номзад ба президентӣ гуфта будед,ки дар ҳолати интихоб шуданатон байни Душанбе ва Турсунзода ва ҳамчунин байни Душанбе ва Ваҳдат хатти троллейбус боз мекунед…Оё ҳоло ҳам чунин нақша доред?

-Замона дар пешравист ва вобаста ба тараққиёт талабот ҳам дигар мешавад. Мо ҳоло пешниҳод дорем,ки чун аҳолии пойтахт аз як миллион нафар убур кардааст,бояд дар Душанбе метро сохта шавад.  Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад. Инчунин,  мо як пешниҳоди дигар дорем. Чун шаҳр ҳоло чаҳор дарвоза дорад, бояд он мошинҳое,ки аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд, дар истгоҳи назди ҳамин дарвозаҳо таваққуф кунанд.  Агар ба шаҳр даромадан хоҳанд, бояд маблағи муайян супоранд. Он гоҳ ҳам тамбашавӣ камтар мешаваду ҳам ба буҷа маблағи иловагӣ ворид мегардад.

-Шуморо ҳизби зиёиён ва муаллимон мегӯянд ва ин то кадом андоза дуруст аст?

-Мо ҳизби ҳамаи қишрҳои ҷомеа  ҳастем ва зиёда аз нисфи аъзоёни ҳизб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд…

-Агар махфӣ набошад, аъзоёни Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон чӣ қадаранд?

-Чаро махфӣ бошад? Вақте ки маро роҳбари ҳизб интихоб намуданд, ҳизб ҳамагӣ 5 ҳазор аъзо дошт.Ҳоло шумораи онҳо зиёда аз 21 ҳазору 500 нафар аст. 

-Тавре гуфтед, анҷумани Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон,ки дар он номзади ҳизб барои интихоботи президентӣ  пешниҳод мегардад, 22 август баргузор мегардад. Бешубҳа, дар он ширкаткунандагони анҷуман номзадии шуморо пешниҳод хоҳанд кард. Ба шумо дар ин пойга  пешсафиро таманно дорем.

Мусоҳиб: А.Аҳмадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *