Абдурозиқ дар Дубай бо киҳо ҳамкорӣ дорад?(аксҳо)

«Барон ва Абдурозиқ дигар бо ҳам нестанд». «Абдурозиқ Баронро кидат кард». “Абдурозиқ ба бародаронаш хиёнат кард”. “Абдурозиқ дигар ба Тоҷикистон наё”. “Барон зиқ нашав, оли баъд мефаҳмад”… ин ва дигар сару садоҳо ду рӯзи охир муҳтавои фазои маҷозӣ, махсусан сегменти тоҷикиро ташкил медиҳанд.

Абдурозиқ пас аз гирифтани раводиди тиллоӣ чандест, ки дар Дубай қарор дорад. Ӯ ахиран тасмим гирифт, кори муштарак бо Баронро қатъ кунад. Ва ҳоло тибқи гуфтаи падараш дар Дубай қарор дорад.

Чун ҳоло мардум Абдурозиқро дар ҳамкорӣ кардан бо шайхони араб маҳқум мекунанд, Pressa.tj тасмим гирифт, ки бо киҳо ҳамкорӣ ва равобити дӯстӣ доштани Абдурозиқро дар Дубай ва дигар мамолики дунё ҷамъоварӣ кунад.

Шайх тариқ Ал-Қосимӣ, Сайф Аҳмад Белҳаса, Бурак Оздемир, Шайх Мансур бин Муҳаммад, Масъуд Алҳамад, Муҳаммад Салоҳ, Ҳабиб Нурмугамедов, Дана Вайт, Муҳаммад Ҳайбатӣ ва бисёр нафарони маъруфи дигар.

Шаби 17-уми ноябр Барон бо нашри як навор эълон кард, ки Абдурозиқ дигар бо ӯ нест ва ҳамкории онҳо ба анҷом расид.

Ҳарчанд чанд рӯз пеш, Барон бо нашри як навор ба ботил будани ин сарусадоҳо таъкид ва хост, ки ҳамватанони худу Абдурозиқро ором кунад. Рэпер аз аввали рӯзҳои ҳамкорияшон бо Абдурозиқ ёдовар шуда, тамоми пастиву баландиҳои фаъолияташонро дар 43 дақиқа ба мухлисонаш шарҳ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *