Афзалшо Шодиев: дар бораи беморӣ, ДИИШ ва Президент (видео)

12 декабри соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев баргузор мешавад. Баъди беморӣ ва ҷарроҳӣ шудан дар Олмон ин нахустин консерти сароянда дар пойтахти кишвар аст. Дар ин барномаи ҳунарӣ сарояндаро шогирдаш Дамирбек Олимов ҳамроҳӣ мекунад…

КОНСЕРТИ БАЪДИ БЕМОРӢ

-Устод,  мехоҳам суҳбатамонро аз суоле оғоз кунам, ки ҳамаи мухлисонатон интизори ҷавоби он ҳастанд. Вазъи саломатиатон чӣ гуна аст?

-Шукри Худованд, ки саломатиам хеле хуб аст. Сари кор ҳастам, эҷод карда истодаам… ва орзу мекунам, ки то ҷон дар рамақ дорам, барои халқи азизам, ки ҳамеша бо ман аст, хизмат кунам.

-Оё баъди ҷарроҳӣ табибон шуморо иҷозат доданд, ки ду-се соат дар саҳна рост истода суруд хонед, зеро ин хеле сангин аст…

-Бале, иҷозат шуд. Ман аллакай дар Хуҷанд як консерти калон барпо кардам ва дар Душанбе дар чандин чорабиниҳо суруд хондам. Ҳамин рӯз аз Ҳиндустон баргаштам, ки он ҷо низ дар саҳна будам. Шукр, ки ман пурра ба саҳна баргаштам ва якмаром эҷоди ман идома дорад.

-Ҳолати равонии модаратон чӣ гуна аст… Чун замони бемориатон эшон хеле зиёд ғам мехӯрданд ва шумо низ дар як суҳбат гуфтед, ки дар Олмон модаратонро ёд мекунед…

-Ҳоли модарам хуб аст. Эшон, воқеан, замони бемории ман азоб кашиданд… шукр, ҳамааш гузашт. Ҳамин рӯз ман аз Ҳиндустон омадаму модарам аз Панҷакент. Ҳоло дар хонаи ман… дар хонаи худашон ҳастанд.

ДАРДНОМАҲОИ АФЗАЛШО

-Барои чӣ маҳз бо Дамирбек Олимов консерт баргузор карданиед?

-Дамирбек низ яке аз шогирдони ҷавони ман аст. Ману падари ӯ Ботурбек шарикдарсем. Дамирбек аз хурдӣ аз сурудҳои ман илҳом гирифта, роҳи санъатро интихоб кард. Ҳоло ӯ яке аз маъруфтарин сарояндаҳои кишвар аст. Дар арафаи Соли нав ҳар ду маслиҳат кардем, ки як барномаи ҳунарӣ баргузор кунем, то рӯҳияи мухлисон шод шавад. Дар ин консерт ғазали “Наёмадӣ”-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро, ки ман оҳанг бастаам, хамроҳ мехонем ва албатта, сурудҳои ҷадиди мо пешкаши мухлисон мешавад… 

-Дар ҳар як консерти шумо тамошобинро сюрпризе интизор аст. Барои мисол, дар консерти қаблиатон раққоси араб, ки ҳамаро мафтун кард… Ин консерт чӣ навигарӣ дорад?

-Дар ин консерт дардномаҳои Афзалшо рӯнамоӣ мешавад…

-Қариб 30 сол дарди асосии Афзалшо Самарқанду Бухоро буд. Ҳоло роҳҳо боз шудаву борҳо дар ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ кардед… Дарди феълии шумо чист?

-Дардҳои замон ҳама дардҳои ман ҳастанд. Вазъи зиндагии ҷавонони имрӯза маро озор медиҳад. Зеро ҷавони имрӯза ишқ чист, намедонад. Зиндагиро бозича ҳисоб мекунад. Ҳама дар дунёи маҷозӣ зиндагӣ мекунанд, дар дохили телефон ва интернет… Бинобар ин, имрӯз оилаҳо вайрон мешаванду волидайн хорузор. Бинобар ин мехоҳам, каме ҷавононро насиҳат кунам…

-Гуфтаниед, ки синну соли шумо аллакай барои насиҳат  расидааст?

-Бале, зеро ман 58 — солаам, бинобар ин ҳақ дорам, ки насиҳат кунам… Гумон мекунам, ки ҷавонони мо айни замон ниёз ба насиҳат ва тарбия доранд. Ҳам тарбияи ахлоқӣ ва ҳам динӣ. Бубинед, ки дар ин чанд соли охир чандин нафар аз ҷавонони мо ба сафи гурӯҳҳои террористӣ шомил шуданд… Дар консерти навам ман як суруд мехонам, ки ДИИШ-ро маҳкум мекунам:

Яке  ДОИШ, яке ҷумбиш, яке аҳрор ё асрор,

Ба ҳар ҷо парчами сабз аст, парафшон Худо боқист.

Ин сурудро, ки моли як шоири ҷавон аст, банда оҳанг бастаам.  Суруди хуб аст ва умед дорам, ки ба рӯҳияи ҷавонони мо созгор афтад. Чаро ман  ин қадар ба ҷавонон таваҷҷуҳ мекунам, барои он ки ояндаи мо аз онҳост. Мо бояд онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем. Ман ният дорам, ки аз ин баъд як силсилавохӯриҳо дар донишгоҳҳои калони кишвар баргузор кунам ва аз наздик бо ҷавонон ҳамсуҳбат шавам. Ин силсиламаҳфилҳои суруд ва суҳбат барои ҷавонон муфид хоҳад буд.

САФАРНОМАИ ҲИНДУСТОН

-Дар оғози суҳбат ишора кардед, ки ҳамин рӯз аз Ҳиндустон баргаштед. Ҳадафи сафаратон ба ин кишвар чӣ буд?

-Мо бо таклифи давлати Ҳиндустон барои ширкат дар шашумин фестивали сурудҳои фолклории кишварҳои Осиё даъват шудем. Ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз навозандагон, сарояндаҳо ва гурӯҳҳои рақсӣ буданд, банда роҳбарӣ мекардам. Фестивали мазкур тӯли се рӯз дар Деҳлӣ баргузор шуд.  Дар ин чорабинӣ намояндагони  Ҳукумати Ҳиндустон, сафирони ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла сафири муҳтарами мо дар Ҳиндустон Султон Раҳимзода ширкат доштанд.

Бояд қайд кунам, ки ки фестивал хеле ва хеле дар сатҳи олӣ гузашт. Намояндагони ҳамаи кишварҳо танҳо сурудҳои фолклории худашонро сароиданд. Ман бошам, дар баробари сурудҳои тоҷикӣ аз фолклори ҳиндӣ, русӣ, қазоқӣ, озарӣ, туркманӣ ва чанд забони дигар сароидам, ки ин ҳамаи аҳли толорро ба ваҷд овард. Ҳунарнамоии моро раиси анҷуман писандид ва моро боз ба Деҳлӣ даъват кард. Ҳоло баъзе расмиётро бо Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати кишвар мувофиқат кунем, охири моҳи декабр дигарбора ба Ҳиндустон ба сафари ҳунарӣ хоҳем рафт. 

-Оё дар Тоҷикистон имкони гузаронидани чунин фестивалҳои мавҷуд ҳаст?

-Бале. Санъат ҳеҷ гоҳ бе иртиботи қавӣ рушд намекунад. Мо аллакай чунин як фестивалро дар нақша дорем. Ман аллакай ба Ҳукумати кишвар пешниҳод фиристодаам. Ният дорем, ки баҳори соли 2020 дар Душанбе як Фестивали суруду рақсро таҳти унвони “Баҳори Тоҷикистон” баргузор намоем… 

ҶАВОНӢ НАМЕРАВАД…

-Ҳар як санъаткор давраи тулӯъ ва машҳуршавӣ дорад, вале бо омадани насли нав ва дигар шудани талабот шуҳрати ҳунарманд низ хомӯш мешавад. Аммо шумо чӣ асрор доред, ки ҳамеша маҳбуби ҷавонон ҳастед ва замонавӣ боқӣ мемонед… Ё худ мекӯшед, ки баробари ҷавонон давед?

-Ман бо ҷавонон ҳамдил ҳастам ва дарди онҳоро мефаҳмам. Ман баробари касе намедавам, аммо намехоҳам, ки аз касе қафо монам. Ҳама вақт кӯшиш мекунам сурудҳоеро сароям, ки ба дарди ҷавонон бихӯрад. Онҳо аз сурудҳои ман маънии тоза ва илҳом гирифта, зиндагӣ кунанд. Солҳои тӯлонист, ки банда суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро месароям ва бисёриҳо мегӯянд, ки аз рафтани ҷавонӣ зиқ мешаванд. Як рӯз ба Озарахш маслиҳат кардему матни суруди “Ҷавонӣ намеравад” ба вуҷуд омад ва ман ба он оҳанг баста сароидам, ки ба мухлисон хуш омад…

-Шумо дар як суҳбат гуфтед, ки дар даврони бемориатон ба шумо Президенти кишвар кумак карданд. Ин кумак аз чӣ иборат буд?

-Бале. Кумаки Пешвои миллат аз таваҷҷуҳи доимии эшон ба аҳли ҳунар аз ҷумла ба банда маншаъ мегирад. Ман аз меҳрубониҳои он кас нисбати худ сипосгузорам… Вазифаи худ мешуморам, ки дар паҳлуи эшон истода, барои ободии Ватан ва расонидани сиёсати созандаи он кас ба мардум хизмат намоям… Зеро Пешвои миллат ҳамеша дар пайи хуб шудани зиндагии мардум ва гулгулшукуфоии Тоҷикистон ҳастанд. Ман ростӣ Тоҷикистонро хеле дӯст медорам ва то ҷон дорам, барои ободии он мекӯшам. Банда зиёд сифар мекунам, аммо ҳеҷ давлати дигар ҷойи Ватанро намегирад. Зимни сафари охир ба Деҳлӣ, дилам ба Ватан гум заду ин мисраъҳоро иншо кардам, гарчанде даъвои шоирӣ надорам:

Ҳинд маҳрами розам шавад,

Овозаму созам шавад.

Гар ёри таннозам шавад,

Бо Тоҷикистон зиндаам.

Мусоҳиб

МУМТОЗ,

“Тоҷикистон” №50, 2019

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *