Автобус чандин мошину се роҳгузарро пахш кардааст

Дирӯз  нимаи дуюми рӯз як автобуси мусофирбар, ки идораро аз даст додааст, бар болои мошинҳои дигар дар роҳ ва ҳамчунин дастикам се раҳгузар пахш намудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ронанда ё аз ҳуш рафтааст, ё дилаш аз кор мондааст. Фоҷиа дар наздикии гардиши бозор, рӯ ба рӯи рӯшноии «Ман Корвонро дӯст медорам» рух додааст.

Дар навор дида мешавад, ки автобуси беназорат чӣ гуна мошинҳо ва пиёдагардҳоро дар роҳ зер мекунад ва мардум чӣ гуна ба сӯи автобус давида, бо дастони худ онро боздоштаанд.

Шоҳидони воқеа  фавран ёрии таъчилиро даъват кардаанд. Пас аз он ки онҳо ниҳоят тавонистанд автобусро боздоранд, мардуми зиёде дар атрофи он ҷамъ шуданд.

Дар ин хусус Муҳаммадюсуф Алиев дар Фейсбук навори саҳнаи садама дар бозори Корвон, бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистонро нашр кардааст.

Дар бораи вазъи одамон ва аслӣ воқеа алҳол чизе гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *