Баҳром Ғафурӣ дар садамаи нақлиётӣ даргузашт (аксҳо)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи тоҷик дар синни 44 – солагӣ бар асари як садами нақлиётӣ даргузашт. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои яке аз наздикони овозхон ба Sputnik Тоҷикистон, мавсуф ҳангоми ҳаракат дар соати 4 – и субҳ дар роҳи рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба садама дучор шуда, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
“Ӯро ба корпуси 5 – и Шифохонаи Қарияи Боло интиқол доданд, аммо барои наҷоти ҷонаш чизе аз дасти пизишкон сохта нашуд. Ӯ ҷон ба ҷонофарин таслим кард”, — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ