Ба дастгирии Абдурозиқ: “Барон Абдурозиқро барои дастгирӣ не, барои бизнес овард”
Навик МС ва Шахер, ду рэпери тоҷик бо нашри наворе аз Барон хостанд, ки машеникӣ накунаду аз Абдурозиқ бахшиш пурсад.
Пас аз нашри навори 43-дақиқагии Барон, ки шаби 17-уми ноябр ба фазои маҷозӣ роҳ ёфта буд, дигар ҳар нафаре, ки камераву микрофон дошт, дар ин бора видеое сохта, паҳн карданд.
Аксари наворҳо ба пуштибонии Барон ва зиддӣ Абдурозиқ буданд. Вале рӯзи гузашта маҷроӣ танқиду вокунишҳо дигар тараф шуд. Зеро Навик МС ва Шахер, ду рэпери тоҷик бо нашри наворе аз аввал ҳамкориҳои Барон ва Абдурозиқ гуфтанд ва таъкид намуданд, ки Барон бояд аз Абдурозиқ бахшиш пурсад.
“Вақте ки мо навори аввалро аз ҳаёти Абдурозиқ дар Ютуб мондем, Барон гуфт, ки агар ҳамин видео 100 ҳазор “просмотр” гирад, Абдурозиқро ба Душанбе меорам. Вақте ки видео дар 5-6 соат зиёда аз 100 ҳазор тамошобин пайдо кард, Барон кӯдакро аз Панҷакет овард. Ва ин факт аст, ки Барон Абдурозиқро барои дастгирӣ не, барои бизнес овард”.
Пас аз муроҷиати ин ду рэпер, наворҳои дигар ҳам ба ҷонибдории Абдурозиқ пайдо шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ