Барои СММ Гулмурод Ҳалимов “ҳанӯз зинда аст”

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми октябр номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард. Ин феҳраст дар ним сол як бор нав мешавад. Ба он номи шахсонеро, ки бо созмонҳои террористии «Давлати исломӣ» ё ДОИШ ва «Ал-Қоида» робита доранд, ворид мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи августи имсол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, Ҳалимов дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст. То он вақт мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, аз сарнавишти полковники фирорӣ хабар надоранд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узви ин созмонро вазифадор мекунад, ба афроди шомили ин феҳраст силоҳ нафурӯшанд, суратҳисобу дороиҳояшонро банданд ва ҳаққи ҳаракат дар қаламравашонро надиҳанд.

Дар шарҳи феҳрасти Шӯрои амнияти Созмони Милал макони охири зисти Гулмурод Ҳалимов Сурия нишон дода шудааст. Гулмурод Ҳалимов ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки вориди ин рӯйхат шудааст. То кунун марги ӯро ҳеч кишваре пурра тасдиқ накардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, ҳарчанд хабари марги ӯро шоҳидон тасдиқ кардаанд, «то мурдаашро набинанд ва шахсияташ тасдиқ нашавад» ба ин иттилоъ бовар намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *