Беҳрӯз Хоҷазода, Саидҷалол Саидов ва дигар паҳлавонони тоҷик ба Тел-Авив мераванд
24-26 январ дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар додааст. Зикр шуд, ки Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 мебошад. Дар мусобиқаи мазкур 405 нафар варзишгар (230 мард, 177 зан) аз 54 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари шинохта- Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.
Фардо, 24 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон доир мегарданд. 25 январ варзишгарони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рӯи гилем мебароянд. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон баргузор мешаванд.
Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби мукофотпулӣ мешаванд. Барои ҷои аввал дар ҳамаи вазнҳо 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар ҷои 53-и вазни -81кг, Саидҷалол Саидов низ дар ҷои 53-и вазни -100кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 56 ва Хайёмиддин Ҷабборов дар ҷои 99-и вазни -73кг мавқеъ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ