Бо Темур Зулфиқоров дар “Чойхонаи лаби ҷар”

Пагоҳ, 24 феврал, соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шаби эҷодии Т. Зулфиқоров ва маросими муаррифии китоби нави ӯ «Чойхонаи лаби ҷар» барпо мегардад.

«Чойхонаи лаби ҷар»  аз қиссаву ривояту андарзҳо ва афсонаҳо барои калонсолон, ки жанрҳои писандидаи муаллифанд, иборат аст. Осори Темур Зулфиқоров, ки чанде пеш бо Мукофоти адабии умумироссиягии ба номи И. Бунин сарфароз гардида буд, бо сабку услуби хос ва  шабеҳи насри мусаҷҷаъ (қофиядор)  фарқ мекунад.

Тарҷумаи китоби тозанашр ба қалами адиби шодравон Муҳаммадзамон Солеҳ, нависандагон Юнус Юсуфӣ, Ҳикмат Неъмат ва нависандаю драманависи шинохта Нур Табар мансуб аст. Зимнан, се сол муқаддам китоби дигари Темур Зулфиқоров «Афъимори марҷонӣ» — ро ҳам Нур Табар ба тоҷикӣ гардонда буд.

Ба китоби нави Темур Зулфиқоров  шоира Гулрухсор пешгуфтор навиштааст.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфта, баъдан дар Донишкадаи адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Москва таҳсил намудааст. Модараш- профессор Людмила Владимировна Успенская, забоншинос ва педагоги маъруф, муаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои синфҳои тоҷикӣ, падараш- рӯзноманигор ва хизматчии давлатӣ Қосим Зулфиқоров  мебошад, ки соли 1937 бар асари тӯҳмат ҳалок гардид.

Асарҳои Темур Зулфиқоров ба дувоздаҳ забони дунё тарҷума ва аз рӯи онҳо филмҳои зиёд ба навор гирифта шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *