Боз лимити барқ?

Ҳукумати Тоҷикистон ба мардум муроҷиат карда гуфтааст, ки барои дар фасли зимистону тирамоҳ пур кардани обанбори Норак ҳоло лимити барқ ҷорӣ кардан лозим аст.

«Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд». Менависад ширкати «Барқи Тоҷик».
Инчунин, ширкат пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ менамояд.
“Ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад»омадааст дар муроҷиатнома. Аммо дар муроҷиатнома санаи мушаххаси ҷорӣ шудани реҷаи барқ маълум карда нашудааст. А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *