«Бухорои шариф»: пас аз 107 сол пурра ба Тоҷикистон омад

“Дар саҳифаи охири шумораи 153-юми рӯзнома, ки вопасин шумора аст, эълони обуна дода шудааст. Табиист, ки шумораи рӯзи 2 январ шоми 1 январ ба нашр омода мешуд ва аҳли эҷоди рӯзнома фармони Элчихонаро интизор набуданд ва рӯзи 2 январ ин фармон мебарояд ва фаъолияти рӯзнома қатъ мешавад.” – мегӯяд муҳаққиқ.

53 шумораи ҷадиди нахустин  рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф»-ро журналист ва муҳаққиқи тоҷик, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода аз Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дарёфт ва нусхаҳои онро ба Тоҷикистон овард. Бо пайдо шудани ин нусхаҳо аз ин ба баъд аҳли илми тоҷик ба 153 шумораи мукаммали «Бухорои шариф» дастрасӣ пайдо карданд.

Дастрасӣ ба «Хазинаи тиллоӣ»

Ин навиди фараҳбахшро Қироншоҳ  Шарифзода дар Конфронси ҷумҳуриявии «Вазъ ва дурнамои матбуоти даврии тоҷик дар шароити инкишофи технологияи муосир», ки бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ректори ин муассисаи олӣ академик Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, намояндагони ВАО ва аҳли илм баргузор гардид,  ироа кард.

«Аз мавҷудияти бастаи рӯзномаи «Бухорои шариф» дар Китобхонаи Тошкант соли 1989 рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (дар қадим ва имрӯз «Овози тоҷик») хабар дода буд. Бинобар ин, банда пас аз хуб шудани муносибатҳо бо ҳамсоякишвар ба ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода муроҷиат кардам, то ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба ин ганҷина мусоидат намоянд. Хушбахтона, ректор ба ин кори хайр камари ҳиммат бастанд ва бо дархости махсус ба унвони ҷониби Ӯзбекистон маро ба сафари хидматӣ фиристоданд. Банда бастаҳои дар «Хазинаи тиллоӣ» маҳфузбудаи «Бухорои шариф»-ро омӯхта, 53 шумораи дар дастамон набударо нусхабардорӣ кардам ва инак, он дар ганҷинаи Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад», — гуфт Қироншоҳ Шарифзода.

Назаре пас аз 107 сол

“Бухорои шариф” нахустин рӯзномаи форсии тоҷикӣ мебошад, ки шумораи нахустини он 11 марти соли 1912 аз ҷониби маорифпарварони Бухоро дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л. Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон (Бухорои Нав, наздикии Бухоро) нашр гардид. Ташаббускорони нашри рӯзнома тоҷир ва сарватманди бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862 – 1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877 — 1914) буданд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862 — 1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Маорифпарварони Бухоро илоҷи таъсис додани рӯзномаро бо забони мардуми таҳҷойии Бухоро ба воситаи мудири матбаа Левини яҳудӣ, ки ўро барои фоидаи зиёд дидан аз чопи рӯзнома шавқманд гардонида, розӣ кунониданд. Дар мактуб ба Элчихонаи рус (Консулигарии Империяи Русия дар аморати Бухоро воқеъ дар Когон) таъкид доштанд, ки таъсис додани нашрияе ба забони мардуми маҳаллии Бухоро ба рушду ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии Бухорову Русия кумак мекунад. Инчунин, барои итминони амири Бухоро ва Элчихонаи рус, Мирзохоҷа Мирзобадаловро, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муаррифӣ карданд. Рўзномаи “Бухорои шариф” дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омўхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ оид ба ин масъала чоп мешуданд.

Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморати Бухоро мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта, аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 рӯзномаи “Тўрон”-ро (ҳамагӣ 49 шумора) низ ба забони ӯзбекӣ нашр намуданд.  

 Баста шудани рӯзнома

Мутаассифона, “Бухорои шариф” пас аз шаш моҳи фаъолият ба мушкилиҳо дучор шуд. Нахуст, Левини яҳудӣ, ки аз фурӯши нашрия фоидаи кам дид, аз чопи он даст кашид. Аз тарафи дигар, умедвории ноширони “Бухорои шариф” аз дастгирии оммавӣ, торафт афзудани муштариёну харидорони нашрия, ҷомаи амал напӯшид. Вале умри кӯтоҳи “Бухорои шариф” танҳо сабаби молӣ набуд. Устод Садриддин Айнӣ менависад, ки “Бухорои Шариф” ва «Турон» «рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд… Дар тасаввури хонандагон, фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад».

Ҳамин тавр, рӯзнома баъди нашри ҳамагӣ 153 шумора 2 январи соли 1913 аз ҷониби Элчихонаи Россия фаъолияти худро қатъ кард. Дар амри қатъи фаъолият, ки аз ҷониби Элчихона бароварда шуда буд, гуфта мешавад: “Бо хоҳиши Ҳазрати Олӣ, Амири Бухоро” фаъолияти рӯзнома қатъ карда мешавад.”

Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки пас аз дарёфти шумораи охирини “Бухорои шариф” маълум шуд, ки кормандони рӯзнома қатъ шудани нашри рӯзномаро интизор набудаанд.

“Дар саҳифаи охири шумораи 153-юми рӯзнома, ки вопасин шумора аст, эълони обуна дода шудааст. Табиист, ки шумораи рӯзи 2 январ шоми 1 январ ба нашр омода мешуд ва аҳли эҷоди рӯзнома фармони Элчихонаро интизор набуданд ва рӯзи 2 январ ин фармон мебарояд ва фаъолияти рӯзнома қатъ мешавад.” – мегӯяд муҳаққиқ.

Рӯзи матбуоти миллӣ

Мавриди ёдоварист, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши “Бухорои шариф” пас  Истиқлолияти давлатӣ бештар гардид. То ин замон Рӯзи матбуоти тоҷик низ санаи 5 май – рӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи “Правда” ва зодрӯзи Карл Маркс ҷашн гирифта мешуд. Шурӯъ аз соли соли 1994 бошад, Рӯзи матбуоти тоҷик  11 март – рӯзи нашри нахустин шумораи “Бухорои шариф” таҷлил мегардад.

Табиист, ки баъд аз эълони ин сана таваҷҷуҳ ба омӯзиши “Бухорои шариф” низ афзуд. Муҳаққиқони тоҷик Иброҳим Усмонов, Усмонҷон Ғаффоров, Абдухолиқ Набавӣ, Пайванди Гулмуродзода, Қироншоҳ Шарифзода нахустин муҳаққиқоне ҳастанд, ки ба омӯзиши “Бухорои шариф” машғул гардиданд.

То соли 2012 ҳамагӣ чанд нусхаи “Бухорои шариф” дар архиви шахсии Усмонҷон Ғаффоров, Абдухолиқи Набавӣ ва Пайванди Гулмуродзода маҳфуз буду халос.

Соли 2012 бошад, журналист ва нависандаи муқими Аврупо Салими Аюбзод хабар мерасонад, ки дар китобхонаи Ҳоланд маҳфуз аст. Бо пешниҳоди Қироншоҳ Шарифзода ва ташаббуси директори вақти Китобхонаи милии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии кишвар доктор Низомиддин Зоҳидӣ ва мусоидати Салими Аюбзод ва қаламкашони ҳамзабон Ковиёнӣ ва Тураҷи Атобакӣ шакли электронии 100 нусхаи “Бухорои шариф” аз Ҳоланд ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар арафи 100 — солагии нашри нахустин шумораи “Бухорои шариф” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Инак, пас аз 107 сол шумораҳои боқӣ низ ба Тоҷикистон омад. Ба гуфти Л. Н. Толстой “Чизе бо қалам сабт мешавад, бо табар бурида нахоҳад шуд”. “Бухорои шариф” низ бо вуҷуди сарнавишти на он қадар хубаш пас як асру як даҳсола ба мо баргашт. Акнун муҳаққиқони забардасте лозиманд, ки паҳлӯҳои онро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор бидиҳанд.

107 — солагии нашри “Бухорои шариф” муборак!

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *