Чаро Хадамоти алоқа аз рақобат метарсад?! Яккатозӣ дар майдоне, ки ҳариф нест
Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар дидӣ, ки нобиною чоҳ аст,
Ту гар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст!
Сол нав шуд, набояд ҳамоне буд, ки мо ҳастем! Нигоҳи тоза ба худ, ба ҳаводисе мебояд, ки атрофи мо сурат мегиранд. Аммо метарсем, ки сухани моро нодуруст мефаҳманд, нодуруст шарҳ медиҳанд. Тарс завлонаи пой гаштааст. Чӣ бояд кард, ки аз ин завлона раҳо ёбем?
Як талош, як ҷуръати рустамона дар баёни гапи ҳақ бас аст, ки ҳалқаҳои завлона пойи моро раҳо кунанду бар гардани ононе часпанд, ки садди роҳ мегарданд. Торикии имонро аз худ дур созед! Бигзор, шуморо нафаҳманд! Бигзор, ба каҷии шутур нигаранду роҳи рост рафтани онро набинанд! Гуноҳашон бар гарданашон. Аммо дил сабук мешавад, роҳи торик равшан мегардад. Оҳи сабуке мекашед, ки як сухани ҳақ гуфтед, як кори нек кардед. Ҳатто шоҳон муҳтоҷи сухани ҳақ ҳастанд. Ба хотири сухани ҳақ ҷомаи қаландарӣ мепӯшиданд ва миёни мардум мерафтанд. Медонед, барои чӣ? Зеро медонистанд, ки атрофиёнашон сухани ҳақро дар ҷомаи манфиатҳои худ печонида, ба онҳо мерасонанд. Чунон мерасониданд, ки гӯё дунё гулистон аст. Чун сахт омад, кӯлоҳ дигар мекунанд ва камар ба хидмати дигаре мебанданд. Ин хӯйи онҳост. Аммо мову шумо маскуни ҳамин мулк ҳастем, ҷуз ҳамин мулк макони дигаре надорем.
Пешвои миллат дар роҳи ободии Ватан ҷон дар кафи даст пайкор доранд. Пас, биёед дар паҳлуи эшон қарор гирем. Агар қудрат ба пайкор надорем, даст аз тамаллуқ баркашем ва гапи ҳақро гӯем.
Масалан, ин гапи ҳақро дар бораи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо бастани фаъолияти “DHL”, “UPS”, “TNT” ва “Pаny Express”на танҳо ғалат, балки коре кард хилофи манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон. Он ки Хадамот аз рақобат тарсид, мисли рӯз равшан аст, мисли 2х2=4 ҷои баҳс надорад. Шояд мехост ба хотири манфиати маҳдуди сохторӣ, сарфи назар аз манфиати умумидавлатӣ кунад? Намедонам, Хадамоти алоқа аз ин бастанҳо чӣ манфиат бардошт? Гумон аст, ки чанд тангаи сиёҳ ёфта бошад. Аммо, шояд, садҳо миллион зарари моддию маънавӣ ба хазина ва мардуми Тоҷикистон расонид. Боз ин амалаш мардумро сарсону саргардону дарбадар сохт. Барои рушди босуръати иқтисод, тиҷорат санги сари роҳ гардид. Аҷабо, аввалин иқдомҳои тоза барои пешрафт дар Тоҷикистон сурат мегиранд. Аммо нав сар аз гаҳвора берун мекунанд, ки соҳибмақомони дар нохунак дӯсту дар тан ҷавшани душман онро сар мебуранд. Шояд дар ин кор ҳам дасти зархаридони хориҷӣ бошад, ки намехоҳанд Тоҷикистонро пешрафта бубинанд? Гумон чун дурӯғ торикии имон аст. Ман ин гапро нагуфтам.
“DHL”, “UPS”, “TNT” ва “Pаny Express”- ро Хадамот баст. Шояд ин пешниҳоде буд, ки аз мағзи нафари дар зулмоти асри миёна бандмонда, аз равандҳои иқтисоду коммуникасияи муосир дурмонда берун омад. Аммо чаро масъулини дигари ин сохтор, ки бояд дар роҳи ҳимояи манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон қарор мегирифтанд, лаб ба хомӯшӣ бастанд? Магар боз тарс?
Тарс ҳам як рукни шакл нагирифтани миллат аст! Охир пеш аз он ки боғеро хароб кунӣ, боғе мебояд бунёд кард. DHL дар 220 кишвари дунё, беш аз 120 000 шаҳр фаъолият, 5 000 офис ва беш аз 100 000 нақлиёти хизматрасон дорад. Шумораи кормандонаш беш 300 000 нафарро ташкил медиҳанд. Ба 32 фоизи бозори ҷаҳон хизматрасонӣ мекунад. Рақибони наздики он UPS 27 фоиз, FedEx 21фоизи бозори ҷаҳониро хизматрасонӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки рақиби онҳа “Почтаи тоҷик” як хаткашон ҳам надорад. Дар омади гап:
Охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, беш аз 3000 хаткашон кор мекард, дар шаҳри Душанбе 400 қуттии почта дар кӯчаҳо насб карда шуда буд, ки рӯзе се маротиба чор мошини “Почтаи тоҷик”мактубҳои дар он ҷамъшударо гирд меовард.
Тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аз хизматрасонии ширкатҳои дар боло зикршуда истифода мекунанд. Почтаи тоҷик чӣ? Хушбахтона ё бадбахтона Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хост рақиби ин ширкатҳо шавад. Фикри хуб. Аммо ин куҷову он куҷо! Куҷо дидаед, ки хари ду пойи хӯрҷинаш овезон бо тайёра дар давидан рақобат кунад?!
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” соли 2018 дар асоси шикояти хонандагон тадқиқотеро ба иртиботи фаъолияти “Почтаи тоҷик” баргузор намуда буд.
Таърихи 19-уми апрели соли 2018 хабарнигори ҳафтанома аз маркази алоқаи «Почтаи тоҷик», воқеъ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт, ба чор минтақаи Тоҷикистон: вилояти Бадахшон (ноҳияи Роштқалъа), вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд), вилояти Хатлон (ноҳияи Балҷувон) ва НТМ (ноҳияи Варзоб, минтақаи аз ҳама наздиктарин) мактуби фармоишӣ (заказной) фиристод. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузаштанду мактуби фармоишӣ ба манзил намерасид. Ҳафтанома борҳо ба нуқтаи зикршудаи «Почтаи тоҷик» муроҷиат кард. Вале ҳар бор мегуфтанд: “Сабр кунед, аз ғӯра ҳалво мепазад”. Аммо ғӯра зардолу шуду номаҳо ба манзил нарасиданд.
Интизории ҳафтанома чун таноби калобаи кампири ҳамсоя дароз буд. Баъд аз ду моҳу панҷ рӯз, таърихи 23-юми июн аз қуллаи боми ҷаҳон- ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиев, деҳаи Хидорҷеви Роштқалъа садо баланд шуд:
-Номаатон расид.
-Ба куҷо, ба дасти кӣ расид?
-Ба дасти кӣ ҳам мерасад. Ба дасти раиси ҷамоат. Зеро дар «Почтаи тоҷик» мафҳуми почталион вуҷуд надорад, он мурд. Ин ҷо ҷамоат дорад, дар ҷамоат одамон кор мекунанд. Албатта, ба дасти онҳо расид.
-Чаро ба дасти касе не, ки ба нишонааш номаро равон кардам?
-Бетоқатӣ накунед. Мо як кор карда, як рӯз не, як рӯз мисли рӯзномаҳо ба дасти соҳибонаш мерасонем ё телефон мекунем, худашон омада мегиранд. Ҳа, боз фаромӯш накунам, раиси маҳалларо ҳам кор мефармоем. Раиси маҳалла, ки шуд, вазифадор аст!
Оқибат мактуби дуюм ҳам таърихи 30-юми июн баъди 72 шабонарӯз ба Варзоб ба ҷамоати деҳоти Лучоб расид. Дар 72 рӯз «Почтаи тоҷик» мактуби моро ба масофаи 18,5 км ба посёлкаи Варзоб расонид.
Аҷоибот дар он аст, ки номаҳои дигар, ки мо таърихи 19 апрели соли 2018 ба Хуҷанду Балҷувон фиристода будем, ҳанӯз нарасидаанд.
Пайи таҳқиқи ҳамин мавзӯъ дар сомонаи tajikistantaimes.com назарпурсӣ миёни хонандагон баргузор намудем. Саволи матраҳ ин буд, ки оё ба хизматрасонии «Почтаи тоҷик» боварӣ доред? 52%-и хонандагон изҳор намуданд, ки дар бораи мавҷудияти «Почтаи тоҷик»маълумот надоранд. Танҳо 23% аз мавҷудияти почта хабар доранд, аммо аз кораш норозиянд.
Албатта, коҳи куҳнаро кобӣ, бӯяш мебарояд. Як нафар собиқадори соҳаи почта ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муроҷиат намуда, изҳор кард, ки “Почтаи тоҷик” хонасалот шудааст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №388 аз 28 августи соли 1997 «Дар бораи хусусӣ нагардонидани молу амволи ташкилотҳои давлатӣ» ғайри давлатӣ гардонидани моликияти “Почтаи тоҷик”манъ карда шудааст. Аммо кор дар дасти кордон осон аст. Як қисми биноҳои муассисаҳои алоқа, ки дар тавозуни муассисаҳои алоқаи почта мебошанд, бо ҳар “далел” ба тавозуни дигар муассисаҳо гузаронида, баъд ба фурӯхта бароварда шуданд ё мешаванд.
Ин мавзӯи дигар аст. Аммо мавзӯи баҳс он аст, ки дар ҳеҷ замоне, дар ҳеҷ маконе бе рақобат пешравӣ нашудааст. Рақибро аз мақому мартаба истифода намуда, аз баён бурдан мисли он аст, ки дар чоҳи ғафлат банд мемонӣ! Албатта, “Почтаи тоҷик” бояд бошад, аммо чун заиф аст, набояд пеши роҳи рақибонро бандад. Зеро сухан дар бораи хизматрасонӣ ба 9 000 000 шаҳрвандони Тоҷикистон меравад. Ба хотири манфиати сохтори кӯчак бояд манфиати шаҳрвандон, давлати Тоҷикистон қурбон нашавад. Ҳоло тахминан 70 фоизи алоқа дар мукотибаҳои давлатӣ ва ҳам шахсӣ аз тариқи коғаз — мактуб ва барқия сурат мегирад. Зеро, аввал ин ки на ҳама ба интернет дастрасӣ доранд, сониян, аксари мардум ҳанӯз истифодаи почтаи электрониро ёд нагирифтаанд ва илова бар ин мактуб хосияти хоси худро дорад, ки онро бо телефон ё почтаи электронӣ иваз кардан ғайриимкон аст. Рӯзе ҳазорон нафар ба мақомоти давлатӣ бо мактубу ариза муроҷиат мекунанд, ҷавоби расмӣ мегиранд, аммо ин додугирифт аксар бидуни почта, тариқи даст ба даст сурат мегирад. Дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ чунин усули мукотиба қобили қабул нест, зеро муносибати ҷамъиятӣ маданияти баландро тақозо мекунад ва аллакай ин усулҳои бобоиро наслҳои пешини мо паси сар карда буданд.
Шояд ин ҷо эроде ба миён ояд, ки робитаи мардум бо сохторҳои давлатӣ аз тариқи ҳукумати электронӣ сурат мегирад. Ин мавзӯъ ҳам мавриди тадқиқ қарор гирифт. Маълум гашт, ки дар шаҳру ноҳияҳо ҳукумати электронӣ на ин ки вуҷуд надорад, ҳатто роҳбарони онҳо ба дарки ин мафҳум қодир нестанд. Мо аз як раис пурсидем, ки дар ноҳия ҳукумати электорнӣ фаъол аст? Дар посух ӯ аз зери шишаи рӯи мизаш коғазеро бароварда, аз мо пурсид: “Ҳукумати электронӣ ҳамин аст?” Дар варақ аз даст почтаи электронӣ навишта шуда буд. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо зери мафҳуми ҳукумати электронӣ сомонаҳои хому нимфаъол ва почтаи электрониро мефаҳманд.
Моҳи августи соли гузашта аз GOOGL ба идораи “Тоҷикистон” нома фиристоданд. Ду моҳ онро интизор шудем ва сипас ба ин сохтор нома навиштем, ки шояд саҳве роҳ ёфта бошад, ки то ҳанӯз номаро нагирифтем. Аммо саҳв набуд. Мо дари “Почтаи тоҷик” ро охӯрча кардем, вале нома пайдо нашуд. Дубора аз GOOGL хоҳиш намудем, ки номаро такроран фиристад. Боз се моҳ сипарӣ мешавад. Аммо аз нома на пай ҳасту на ҳайдар. Ба шумо ҳам хонандагони муҳтарам муроҷиат мекунем, ки баҳудаю беҳуда дари шуъбаҳои Хадамоти алоқаро накӯбед. Аз шумо талаб мекунанд, ки штрихкодашро ёфта биёред. Агар штрихкодро пайдо накардед, аз баҳри нома ё пӯстаатон гузаред. Ҳамон латифаи “Маро бо мактуби навиштаам баред” — и Афандиро дар ёд доред? Вай латифа не, ҳақиқат буд. Агар фарзандатон мабодо аз Амрико, Аврупо, Русия ё … мактубе фиристад, оҳистаҳак ба гӯшаш гӯед:
Писаракам, ҷону ҷигаракам, мактуб ё посилкае фиристода, маро саргардон накун. Дар як сол як бор ҳам бошад, вақти омаданат худат биёр!
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ