Чаро мо бегонапарастем?
Гумон мекунам, ки бегонапарастии мо решаҳои хеле куҳан дорад. Тоҷик тӯли таърих зери юғи бегонагон зиндагӣ карда, чоплусу хушомадгӯ шудааст, вале ҳайратам аз он меояд, ки наход сӣ соли Истиқлолият низ натавонист ақаллан каме ҳам бошад, ин одати бадро аз байн барад?
Ё ин «вирус» даво надошта бошад? Чун дар маъракае як нафар бегона иштирок дошта бошад, мо ҳамагӣ он қадар ба ӯ таваҷҷуҳ мекунем, ки аз «бузургияш» аҷабаш меояд. Шояд хонандаи азиз бигӯяд, ки мо на бегонапараст, балки меҳмондӯст ҳастем? Шояд… Аммо ҳар коре, ки марзи эътидолро убур менамояд, дар назар зишт метобад…
Боре иштирокчии як машварате будам, ки чор рӯз давом кард. Семинарро, ки оид ба муносибат бо кӯдакони маъюб буд, як ташкилоти ҷопонӣ мегузаронд. Барои ман нафратовар он буд, ки иштирокчиёни он — ҳаммиллатони ман барои чӣ бошад, дар бораи тоҷикон суханҳои пасту баланд мегуфтанд, аз қабили “дар мо муносибат бо маъюбон бад аст”-у дигару дигар. Ман ҳам аз кайҳон номадааму медонам, ки мо чӣ камбудӣ дорем, вале аз бадгӯӣ кардан назди аҷнабиён мушкили мо ҳалли худро меёбад?! Хайрият, ки намояндаи ин ташкилот, духтараки ҷопонӣ на русиро медонисту на тоҷикиро, вале як хонум ин «мушкил»-ро ҳал кард… Ӯ назди тарҷумон рафта, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба намояндаи ин ташкилот суханони ӯро тарҷума кунад. Бону тақрибан чунин гуфт:
— Писари ман дар Ҷопон таҳсил мекунад ва мегӯяд, ки ҷопониҳо он қадар маърифати баланд доранд, ки ман дар ин ҷо зиндагӣ кардаю тарзи зиндагии инҳоро дида, аз тоҷик буданам шармам меояд. Инҳо ба маъюбон чӣ қадар муносибатҳои нек доранд…
Духтараки ҷопонӣ бо як бепарвоӣ суханони ӯро гӯш кард. Ростӣ, намедонам тарҷумон суханҳои ин хонумро чӣ гуна тарҷума кард, аммо ман худамро дошта натавониста, аз ҷойи нишастам гуфтам:
— Ба писаратон гӯед, ки агар аз тоҷик буданаш шармаш меояд, ҷопонӣ шавад, бо рафтани як фарзанди «шармгин»-аш Тоҷикистон чизеро бой намедиҳад!
Зан каме хиҷолат кашиду баъди анҷоми машварат ба назди ман омада, гуфт:
— Писарам мегӯяд, ки…
Майлаш, писаратон мегӯяд, вале наход шумо ба воситаи тарҷумон ба як ҷопонӣ аз «пастӣ»-ҳои мо гап занед!? Ба Худо, айб аст…
Аз ин воқеа чанд вақт гузашта бошад ҳам, то ҳол он гуфтугӯро ба ёд овардаву дилам сиёҳ мешавад. Албатта, дар ҷомеаи мо камбудиҳо зиёданд, вале наход худро назди як аҷнабӣ ин қадар паст задан шарт бошад?! Дар Тоҷикистон аксарият ба маъюбон назари нек доранд, агар дар як маҳалла маъюбе зиндагӣ кунад, ҳама аҳли маҳал то ҳадди имкон ба вай дасти мадад дароз мекунанд. Ҳукумати мамлакат, хоса президент, барои беҳбудии хизматрасонӣ ба маъюбон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Каманд онҳое, ки фарзанд, падару модар ё пайванди маъюби худро ба хонаи бепарасторон супоранд. Пас, мо он қадар ҷоҳилу бераҳм ва бевиҷдон нестем, ки худамон мепиндорем!
Аз ин рӯ, дар ҷое, ки сухан атрофи обрӯи миллат меравад, дониста гап задан лозим аст…
Лолаи Саидакбар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ