Дамирбек Олимов: Ба Умедҷон кӯмак кунед, то аз ҳолати комо барояд!
Дамирбек Олимов, ҳунарманди ансанбли «Нури Хуҷанд» дар якҷоягӣ ширкати продюсерии JM (ҶМ), ки ба аҳли оилаи Ҷонибек Муродов тааллуқ дорад, барои ҷарроҳии ҳамсинфаш Умедҷон Салитмов, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳолати кома гирифтор шудааст, баргузор менамояд.
Ин шоу -консерти хайриявӣ шоми 7-июл соати 17:00 дар Қасри маданияти н. Деваштич (Ғончӣ) таҳти унвони “Умеди орзу” баргузор намуда буд.
Тавре Дамирбек Олимов дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт:
— Мақсади мо аз баргузории консерт ин ба ҳаёт дубора баргардонидани Умедҷон аст. Умедҷон ҳамагӣ 28 сол дошта, соҳиби ду писарчаи дӯстрӯ мебошад. Ӯ ду сол пеш дар шаҳри Маскави Русия ба садамаи автомобилӣ дучор гардида, сутунмӯҳрааш сахт осеб дида, дар баробари ин мағзи сараш низ ба осеби ҷиддӣ дучор гардидааст. Зеро ӯ на аз ҷой мехезад, на сухане ба забон меорад. Чашмонаш низ танҳо ба як нукта дӯхта шудаанд. Консертро ба хотири он баргузор карда истодаем, ки каме ҳам бошад ба Умеҷон ёрӣ расонем. Маблағе, ки аз консерт ҷамъ мешавад мо онро пурра ба суратҳисоби Умедҷон мегузаронем,- афзуд Дамирбек.
Ба гуфти Дамирбек Олимов гарчанде каме ҳам бошад, вазъи Умедҷон беҳтар шудааст, аммо то ҳанӯз ин ҷавони 28- сола аз ҳолати кома набаромадааст:
« Рости гап ин маблағе, ки мо аз ҳисоби консерт ҷамъоварӣ намудем, барои пурра пардохт намудани пули ҷарроҳӣ нокифоя аст. Хуб мешуд, ки ӯро дар Ҳиндустон ё Олмон ҷарроҳӣ мекардем, аммо барои ин маблағи ҳанггуфте лозим аст. Бинобар нокифоя будани маблағ моро лозим аст, ки ҷарроҳиро дар Русия гузаронем».
Мавриди зикр аст, ки Умедҷон Салимов як сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд аст, ки 2 сол қалб дар як садамаи нақлиёти дар Федератсияи Расия маҷрӯҳ шуда, то ҳол саломатияш барқарор нашудааст. Бо вуҷуди чанд маротиба ҷарроҳӣ ва табобати 2 сола Умедҷон наметавонад то ҳол роҳ равад ва гап занад.
Дар охир Дамирбек Олимов аз ҳамватанони дохилию бурунмарзӣ хоҳиш кард, ки барои ҷарроҳии Умедҷон дасти хайр кушода, кӯмаки хешро дареғ надоранд:
« Ҷарроҳи бояд дар клиникаи Врединаи шаҳри Санкт- Петербербург гузарад. Табибони рус барои ба по хезонидани Умедҷон 500 000 рубли руси маблағ хостаанд. Чунончи дар боло гуфтам, мо ҳатто агар ду рӯз консерт ҳам диҳем, ин маблағро ҷамъоварӣ карда наметавонем, бинобар ҳамин ҳам хуб мешуд, агар шахсони саховатпеша кӯмаки хешро аз Умедҷон дареғ намедоштанд. Бовар кунед, савоби як ҳаҷро мегиранд. Рақамҳои сураҳисоби Умедҷон дар Бонки Амонатбонк чунин аст:
РМА 530001685
РМБ 350101626
Варақаи шахсӣ 40330
Суратҳисоби мазкур ба номи падари маъюб- Салимов Насим Ҳабибович кушода шуда, маълумоти бештарро низ аз амаки Насим бо рақами телефонии +992 902-44-00-25 дастрас карда метавонанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ