Дар мактабҳои ҷумҳурӣ 14 рӯз таътил эълон шуд

Аз санаи 27-уми апрел то 10-уми май дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ таътил ҷорӣ шуд.

Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи Pressa.tj хабар дод.

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид.

Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 102175 кӯдак ва 9766 омӯзгор, 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2033900 хонанда ва 124593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии 21890 хонанда ва 2305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87696 донишҷӯ ва 6381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4686 муассиса, 2245661 муҳассилин ва 143045 омӯзгорро ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *