Дар сӯги Генерал Абдуласанов

Хабари марги нобаҳангоми дӯсти  наздик, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Абдулназар Абдуласнов моро сахт андӯҳгин кард. Ӯ марди асил, кормандони собиқадор ва содиқи  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд.

Абдулназар Абдуласанов тамоми ҳаёташро дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бахшидааст.  Генерал Абдуласанов шахсияти поквиҷдон ва дорои касбияти баланд буд. Ӯ дар ду давра-Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон фаъолияти кор ва пайкор дошт. Дар давраи корӣ, новобаста дар кадом вазифа ва дар мақомот будан аз худ номи нек гузошт ва кору рӯзгори вай барои шогирдони содиқаш мактаб буд ва боқӣ монд.

Ман,  Давлат Мамадризобеков ӯро хуб мешинохтам. Хурдсолии Абдулназар Абдуласановро хуб дар ёд дорам. Ҳарду аз як деҳа ба дунё омадем ва камол ёфтем. Зодгоҳи мо  деҳаи дурдасти куҳистон-Манеми ноҳияи Шуғнони ВМКБ аст. Ӯ овони ҷавонӣ хеле чолоку зиррак буд ва аллакай  дар қалбаш шуълаи афсар  шудан шӯъла мезад.  Тобистони соли гузашта бароям гуфта буд, ки ба навиштани хотирот дар замони фаъолият дар мақомоти қудратӣ оғоз кардааст. Ӯ мехост ин хотирот, ки барои насли имрӯзу фардо омӯзанда аст,  дар рӯзномаи “Тоҷикистон” ба чоп расонад. Аммо умр барояш вафо накард ва дар синни 76-солагӣ моро тарк кард. Воқеан, таҷриба ва кору пайкори ӯ омӯзанда мебошанд ва умед бар он дорем, ки фарзандонаш ин дафтари хотиротро ба чоп мерасонанд ва орзуи падарро дар ин роҳ амалӣ месозанд.

Генералҳои мустаъфӣ:

Давлат Мамадризобеков,

Худойқул Ҳамроқулов

Генерал – майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигард ва комменданти низомии шаҳри и Душанбе буд. Хуршеда Ақназарова, яке аз пайвандони генерал-майор  гуфт,   ки рӯзҳои ахир марҳум ҳеҷ  маризӣ ё нотобиро надошт ва нимашаби гузашта якбора дунёро тарк кард.

“Тақрибан як моҳ пеш бо маризии дил дар шифохонаи “Қарияи Боло” бистарӣ шуда, табобат гирифт. Аммо то ба ҳол хеле бардаму сиҳатманд буданд ва ростӣ, якбора гузаштанашонро ҳеҷ касе интизор надошт. Аҷал ҳақ аст ва Худованд худаш доност”, — гуфт Хуршеда Ақназарова.

Маълумотнома

Абдулназар Абдуласанов (Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович), ходими низомии тоҷик, генерал-майор (1997), 21 октябри соли 1944 дар деҳаи Манеми ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи  курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқӯшунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошканд (1968), Академияи ҳарбии ба номи Михаил Фрунзеи шаҳри Маскав (1986) мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *