Домулло Ҳикматулло имоми ҷанозаи Эшони Абдуқудус буд

Имрӯз  дар намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳазорон нафар аз пайравони ин раҳбари тариқати зикри хуфияи Нақшбандия ҷамъ шуданд.

Намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро рӯҳонии маъруф Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кард. Ҷанозаи Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш Оби Гарм бурданд. Рӯзи 8 январ ҳазорон нафар барои ширкат дар намози ҷанозаи яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик Эшони Абдуқудус ба деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рехтанд. Эшони Абдуқудус аз ибтидои солҳои 90 дар Чимтеппа зиндагӣ мекард. Ин рӯҳонии шинохта, ки яке аз раҳбарони тариқати зикри хуфияи Нақшбандия, яке аз пуртарафдортарин тариқатҳои аҳли тасаввуф дар Тоҷикистон ба шумор мерафт, рӯзи 7 январ дар синни 71 аз олам чашм пӯшид.Ба гуфтаи шоҳидон, дар маросими видоъ бо Эшони Абдуқудус, писари калонии Эшони Абдураҳмонҷон ва бародари муовини аввали муфтӣ Абдулбасир Саидзода, тақрибан ҳама рӯҳониёни шинохта ширкат доштанд. Шоҳидон аз ҷумла дар бораи ҳузури муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода, Эшони Абдухалилҷон, Эшони Элокӣ, бародарон Тӯраҷонзодаҳо, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва дигар шахсиятҳои шинохта дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон хабар доданд. Намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кардааст.Дар видеое, ки муридони Эшони Абдуқудус ба «Ахбор” фиристоданд, дида мешавад, ки издиҳоми бузурги иборат аз ҳазорон нафар кӯчаҳои Чимтеппаро пур кардаанд ва даҳҳо нафар ҳатто болои бомҳо баромадаанд. Баъди адои намози ҷаноза, ки соати даҳи субҳи 8 январ баргузор шуд, турбати Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш – Оби Гарм бурдаанд. Падари ӯ Эшони Абдураҳмонҷон ва ҳамин тавр, фарзандони бармаҳал гузаштаи Эшони Абдуқудус низ дар Оби Гарм ба хок супурда шудаанд.

Эшони Абдуқудус се моҳ пеш як фарзандашро аз даст дода буд ва ба гуфтаи муридонаш, баъди ин мусибат аз по афтод. Ӯ ахиран дар як бемористон табобат мегирифт ва нимаи дуюми рӯзи 7 январ дар роҳи бозгашт аз бемористон дар даруни мошин вафот кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *