Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 75-сола шуд
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ имсол 75 — сола шуд. Ҳоло тамоми олимону омӯзгорон, донишҷӯёни 10 факултет, 32 кафедра, ки аз 11 ҳазор нафар мегузаранд, ба истиқболи 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ дида истодаанд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Абдусалом Мирализода, ректори донишгоҳ, профессор ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба пурсиши мо оиди ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мактабҳои олии хориҷи кишвар ҳам ректор ва ҳам ноиби ректор номзади илмҳои филология Шарофат Худойдова чунин посух доданд:
-Ба донишҷӯён 1 академик, 18 доктору профессор, 84 дотсенту номзадҳои илм дарс мегӯянд. Солҳои 2019-2020 мо бо донишгоҳҳои Пизаи Италия, аграрии ба номи Скорбини Қирғизистон, аграрии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Рига, Донишкадаи техникии ба номи Баумони Маскав ва ғайра ҳамкории илмӣ барқарор намуда, онро идома дода истодаем. 20 нафар аспирантҳои мо дар хориҷи кишвар таҳсили илм намуда, баргашта омаданд.
Ҳоло боз 7 нафар унвонҷӯи дигар дар берун аз ҷумҳурӣ пажуҳиши илмӣ доранд. Имсол лоиҳаи наве рӯи кор омада истодааст, ки аллакай бо 14 номгӯй мактабҳои олии байналмилалӣ шартномаи ҳамкории судманд ба имзо расиданд. Зимнан, ҳоло дар донишгоҳи мо 19 нафар хориҷиён таҳсили илм доранд. Оянда ин шумора афзун хоҳад шуд.
Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ