Дору зидди коронавирус дар дорухонаҳо: Нархаш зиёда аз 12 ҳазор аст

«Арепливир»- дору алайҳи маризии коронавирус аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳои Русия роҳ ёфт. Арзиши ин дору 12 320 рубли русӣ ташкил медиҳад.


Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки «Алепривир» ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти «Столичка».

Бар асоси хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи «Алепривир» 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.

«Арепливир» дар заминаи доруи «Фавипиравир» сохта шудааст.

Мутахассисони «Промомед» дар заминаи корхонаи «Биохимик» -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи азхуд карданд.

Қобили зикр аст, ки доруи «Арепливир» ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *