ДТТ ба номи академик М. Осимӣ тағйири ном мекунад

Маоши устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар панҷ соли охир афзоиш ёфтааст. Айни замон маоши миёнаи устодон, ки дар як воҳиди корӣ фаъолият доранд, зиёда аз 2430 сомониро ташкил медиҳад. Маоши профессори донишгоҳ барои як басти корӣ 5 000 сомонӣ аст.
Ин нуктаро ректори донишгоҳи мазкур Ҳайдар Одиназода 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт. Зикр шуд, ки ҳайати олимону муҳаққиқони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тадқиқотро дар самти илмҳои бунёдӣ роҳандозӣ ва амалӣ намуданд. Ин тадқиқот ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби мубрами хоҷагии халқ равона гардида, самтҳои афзалиятноки илм ва рушди иқтисодиёти миллиро фарогир мебошанд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди илму техника донишгоҳ тасмим гирифтааст озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ ташкил намояд. Инчунин, ҳоло омодагӣ барои табдили номи донишгоҳ ба Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *