Душанбе: Шабнами Сурайё ва занозанӣ дар клуби шабона (Видео)

Сомонаи «Ахбор” видеои занозании фарзандони мансабдорони баландпоя дар як клуби шабонаи шаҳри Душанберо дастрас кард. Ин занозанӣ 6 ноябр, соати тақрибан чоруними субҳ рух додааст. Дар видео дида мешавад, ки дар ҷои занозанӣ овозхони шинохта Шабнами Сурайё ҳам ҳузур дорад ва ҷавонони маст овозхони дигари низ шинохта Остони Азизро латукӯб мекунанд.

Видеое, ки сомонаи «Ахбор” дастрас кард, лаҳзаеро нишон медиҳад, ки кормандони пулис сабти лаҳзаҳои оғози занозаниро тамошо мекунанд. Ин сабт аз камераи назоратии насбшуда дар роҳрави яке аз клубҳои шабонаи Душанбе аст.

Манобеи сомонаи «Ахбор” қаблан хабар доданд, ки шаби 6 ноябр дар яке аз клубҳои шабонаи Душанбе писарони Шералӣ Гул, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон овозхони шинохта Остони Азизро латукӯб кардаанд.

Дар видео садои як корманди милиса ҳам шунида мешавад, ки иштирокчиёни ин ҳодисаро як-як шиносоӣ мекунад ва барои маълум кардани ҷузъиёти занозанӣ бо як шоҳид, ки низ фақат садояш шунида мешавад, саволуҷавоб мекунад:

Остони Азиз, хайр, унаш Шабнами Сурайё. Инаш Алишер, додари Диловар. Ин кӣ аст, додар Озод аст-ку, гӯштингир аз Кӯлоб?

Ина Диловар, нишонат бидиҳам, ина Диловар. Ина ин – Остони Азиз.


Дар инҷои видео як ҷавон бо риши кӯтоҳ ба Шабнам наздик шуда, ӯро оғӯш мекашад ва моҷарову занозанӣ аз ҳаминҷо сар мешавад.

Ина ҳамин Алишер мезанадаш. Обба, задаш. Алишери додари Диловар задаш.

Ин Наврӯз аст? Наврӯз буд, ки халос кард?

Ана, Диловар Остонро мезанад.

Ин кӣ буд дар поён ғалтид?

Дар ин байн Шабнами Сурайё дида мешавад, ки дар байни ду издиҳоми муштбагиребон ҳайрон мондааст, ки чӣ кор кунад? Ӯ талош мекунад, ки байни ҷавонҳои хунгарм дарояд, вале бенатиҷа. Дар ин ҳангом муҳофизони клуби шабона меоянд, то тарафҳои даргирро аз ҳам ҷудо кунанд.

-Ҳамин аст Наврӯз? Вай непричём аст, вай ҷанг накарда истодааст, халос карда истодааст.

— Инро нигоҳ кун, ба сӯяш зӯрӣ карда истодааст Диловар.

-Значит, рӯзи 6-ум, соати 4:24-и саҳар, ҳа?

-Ҳа.

Дар поёни видео дида мешавад, ки ҷавонони даргир аз ин роҳрав ба як роҳрави дигар мераванд ва ба онҳо чандин нафари дигар, ки дар толори клуб буданд, ҳамроҳ мешаванд. Дар ин ҳангоми як зан Шабнамро ҳам аз китфаш гирифта, аз маҳалли занозанӣ берун мебарад.

Қаблан гуфта мешуд, ки занозанӣ дар «Кохи Наврӯз” сурат гирифтааст. «Коxи Наврӯз” ду клуби шабона дорад, ки яке «Версал” ва дувумӣ «Роял Клаб” ном дошта, аз маконҳои умдаи истироҳат ва дилхушии фарзандони шахсони бонуфузу баландпоя ва сарватманд ба шумор мераванд.

Остони Азиз фарзанди Достон Азизов, яке аз асосгузорони ансамбли хонаводагии дар солҳои 80 хеле маъруфи «Анис” мебошад. Фарзандони асосгузорони «Анис” бародарон Достон, Зулфиқор ва Абӯбакр Азизовҳо тақрибан 10 сол пеш ба саҳнаи эстрада омаданд, то роҳи падарони худро идома диҳанд. Аз байни онҳо Остони Азиз ва Шаҳроми Абӯбакр маъруфияти бештар ба даст овардаанд.

Остони Азиз бо сабки хеле оромаш дар иҷрои таронаҳо фарқ мекунад. «Лайлӣ ва Маҷнун” (ҳамроҳ бо Кибриё Раҷабова), «Гумон надоштам ки ёрам…”, «Олами ғамҳо”, «Ишқи ман” (ҳамроҳ бо шодравон Сӯҳроби Сафарзод) аз пуртамошобинтарин таронаҳои Остони Азиз мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *