Эмомалӣ Раҳмон соли ҷориро вазнинтарин сол ном бурд
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу намуд.
«Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад», — омадааст дар паёми шодбошии Сарвари давлат.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, моҳи Рамазон чун моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.
Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон бобати торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, маризии коронавирус таъкид намуда, изҳор доштаст, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.
«Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст», — омадааст дар паёми шодбошии Президенти кишвар.
Роҳбари давлат ба риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ таъкид намуда гуфт, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ маҳз покизагӣ буда, он ҳамчунин дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки соли ҷорӣ яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башарият, аз ҷумла мардуми мо дар оғози ҳазораи нав мебошад. “Ман дар ҷаласаи Ҳукумат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ — ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вазифадор намудам.
Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд”, гуфт Презинти кишвар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ